Пайвасткунии компютери фардӣ ба манбаи ҷараён бо иҷро намудани амалиётҳои зерин иҷро карда мешавад:
- Пайвасти монитор;
- Пайвасти системаи акустикӣ;
- Пайвасти дастгоҳҳое, ки ба блоки системавӣ васл карда шудаанд (принтер, сканер, проектор, модеми беруна ва ғайраҳо);
- Пайвасти блоки системавӣ;
Баъди иҷро намудани қадамҳои 1-4 дар экрани монитор мизи корӣ пайдо мегардад, ки аз нишонаҳои зерин иборат аст¹
- Тугмачаи «ПУСК»;
Ин тугмачаро диспечери барномаҳо низ меноманд. Дар вақти пахш намудани тугмачаи «ПУСК» дар экран менюи асосӣ пайдо мешавад ва мо метавонем ба воситаи он бо барномаҳо ва ҳуҷҷатҳои дигар кор кунем.
- Панели вазифавӣ;
Расми мизи корӣ
Дар ин панел тугмачаҳои ҳамаи барномаҳои истифодабурда ва панели асбобҳо барои иҷро намудани масъалаҳои гуногун инъикос карда мешавад.
- Панели системавӣ;
Ин панел қисми панели вазифавӣ буда, дар он соат, танзимгари овоз ва нишонаҳои барномаҳои хизматӣ инъикос карда мешаванд.