Пахта

Дами ғуруби офтоб мо панҷ нафар нишаста, дами беғам мезадем. Яке ба ман ношинос, ўро бори нахуст медидам. Ва чун номашро ба забон оварданд, гўё ягон чизи аз ақл берунро шунида бошам, бо ҳайрату тааҷҷуб ба ў нигаристам.

– Пахта-а?!

Вай оромона посух дод, ки:

– Ҳа, Пахта.

Пахта чист? – Пахта пахта ҷон пахта
Пахта чист? – Пахта пахта ҷон пахта

Ман хомўш мондам, вале рўям тааҷҷуб ва таҳайюри маро ифода мекард. Баъд хомўширо боз вайрон намудам:

– То ҳол бо номҳои Теша, Табар ва Пиёла вохўрда будам. Вале Пахтаро бори нахуст мешунавам. Охир, пурсидан айб нест, гуфтаанд. Чаро номи шумо Пахта?

Марди ношинос як оҳи вазнине кашиду гуфт:

– Пахта номам не, лақабам. Номам – Ятим. Лекин онро касе ба забон намегирад. Аз кўдакӣ ҳама Пахта мегуфтанд. Пахта шуда мондам.

Вай марде буд қадпаст, хеле лоғар ва чеҳрааш устухоннамои заъфарон.

Оташи ҳисси кунҷковиам бештар аланга заду ба чеҳраи афсурдаи ў нигариста пурсидам:

– Охир, сабаб доштагист?

Чанд фурсат вай ҳарфе назад.

– Ё намедонӣ?

Дар чашмони вай, гўё чанд шўълаи нур канда гардид, ки гавҳаракаш хира гашта, ба равоқаш фурў рафт. Ба замин чашм дўхт ва лаҳзае пас сар бардошта, оҳи вазнине кашиду гуфт:

– Чаро надонам. Медонам…

 

*   *   *

 

Тирамоҳи заррин ҳукм меронд.

Айни долу зарби кор – маъракаи аз об бардоштани ғалбер, ғуноварии ҳосили пахта. Аз ин рў хурду калон – аз ҳафтсола то ҳафтодсола – камарҳоро маҳкам баста, ба саҳро баромадаанд. То ки ягон пағаи пахта талаф нашавад. Акаи Салим ҷамгин. Ангуштонаш ғалбер барин сўрох шудаанд. Ба кўсаки пахта даст мебараду дард то банди дилаш панҷа мезанад. Дардро бо зўри иродат фурў нишонда, зўр мезанад. Метарсад, боз аз дигарон қафо намонад. Қафо монад, рўзаш сиёҳ мешавад, номаш то даҳони раис рафта, аз радиоузели колхоз эълон мешавад. Қатори беномусон, муфтхўрон, намакзадагон ҷой мегирад. Хай, ба худаш ҳам кило лозим-ку. Сад кило чинад – се сўм. Осон не сад кило чидан. Ҷони саги сиёҳ меканӣ, азоби гўра мекашӣ, ки сад кило чинӣ. Аз мурҷфарёд то як поси шаб ба ҳар як ниҳол чанд бор саҷда мекунӣ.

Офтоб ба қиём расида, нами замину ниҳолҳоро мемакид. Буғуми миёнаш сўзиш мекард. Мадори бозуву соқи поҳо намонда буд. Лабонаш хушкид. Ҳалқаш қоқ. Чанги ниҳолҳо бебаркаш ба димоғаш мезад. Зуд-зуд сулфаву атса мезад. Ташна буд. Об мехост дилаш. Об набуд. Сари замин об наоварданд. Касе ҷуръати «Об биёред» гуфтан надошт. Аз наздаш бедонае «фиррҷ» парид. Дилаш дута шуд. «Ба болои мурда сад чўб»-дасташа бингак газид. Ҷаз-ҷаз сўхтан гирифт дасташ. «Уф-пуф» гуфта, бо як азоб қоматашро рост кард. Вале қоматаш пурра рост нашуд. Чангак буд. Ҳамон зайл сари хам ба атроф нигарист. Чашмаш ба хирмани пахта афтод. Пури пахта буд он. Сап-сафед. Чашм мерабуд.

Чашм аз хирман биканд. Нафас кашид. Аз ҳаво бўи заҳр меомад. Биниаш ҳам сўзиш дошт.

Боз бо як азоб хам шуда, ба замин саҷда меорад. Ва лаб газида, пахта мечинад. Оҳ пахта-е! Ҳа, аз он рўзе ки пахта ба «тахти таҷҷамул» нишаст, ҳама чиз дигар гашт. «Лашкар»-и ниҳоли пунба тамоми заминҳоро ишғол намуд. Ҳама чизро «қир» кард. Ҳусни деҳаро рабуд, безеб шуд он. Одамон ҳам безеб шуданд. Аз замини наздиҳавлҷ ҳам ҷудо гаштанд. Ба он пахта коштанд.

«Ба давлат пахта лозим!» гуфтанд. Кӣ гуфтааст, ки лозим не. Лозим! Лекин ҳамин «лозим» ҳам ягон ҳадду ҳудуд доштагист? Хайр, ақаллан дарахтҳоро решаков намекарданд. О, босамар, ҳосилдеҳ буданд. Тарбурҷ-сарбурҷ! Дилаш сўхт ба ҳолашон. «Ба пахта офтоб лозим!» гуфтанд. Ҳа, офтоб ба кӣ лозим нест.

Шиорҳои сурх ҳама ҷоро зер намуданд: «Пахта шаъну шарафи мост!», «Пахта обрўву эътибори мост!», «Пахта боигарии мост!», «Пахта рўи сурхи мост!», «Як чигит ба ҷои як ҷигит!»

Сурудҳо эҷод гардид: «Пахта, пахта, ҷон пахта, рўида чун гулдаста…»

Ва мол намонд. Асп нест шуд, буз нест шуд, гўсфанд нест шуд, гов нест шуд. Пахта монду як хар. Акнун себу ноку шафтолу он тараф истад, ду барги пиёзу гашнич намеёбӣ, ки ба шакаров андозӣ. Ин чӣ рўз-а?! Ҳай, ҳай ношукрӣ накун. Худоро шукр кун, ки чою нон ҳаст. Наҳор чою нон. Чошт чою нон. Шом чою нон…

Ҳамин дам хабар оварданд, ки хари акаи Салима ҳабс карданд. Вай як қад парида, ҳангу мангаш канд. Ранг дар рўяш намонд. Даҳонашро калон кушода, сахт-сахт мижа зад. Ҳушаш ба сар омаду забонаш ба гуфтор.

– Чӣ гуфтӣ?!

– Харата ҳабс карданд!

Гўё ҷон аз дасту пояш баромад, боз ҳангу мангаш канд ва рўи фартуки пахта нишаст. Саҳл монда буд, ки биафтад

– Наход, – гиребон гирифт ў, – хара ҳабс кунанд?

… Ё тавба?!

… Охирзамон…

Вай боз гиребонашро гирифта, тавба кард ва оҳ аз ҷигар баровард, оби дидагонашро бо як порча чити ифлос, ки вазифаи рўймолчаро иҷро мекард, тоза намуд. Акнун чӣ кор мекунад? О, бе хар вай бе дасту по барин. Хар ягона бисоташ-а?! Гову гўсола, бузу гўсфанд надошта бошад. Пеш дошт. Фурўхт. Маҷбур шуд, охир. Чарогоҳа пахта коштанд. Колхоз дигар юнучқа, гандум, ҷуворимакка намекошт. Ҷояшона пахта гирифт.

– Ё наузубиллоҳ! – боз гиребони худ гирифт акаи Салим ва лаҳзае бехуд гашт.

Чун ҳуш ба сараш омад, хест. Осемасар дарди миёну дасту пояшро ҳам фаромўш карда, ба ҷои бастаи хараш давид. Хар набуд. Ин сў – он сў дида давонд. На пай буду на ҳайдар.

«О, бебахте…» – ба хараш дилаш сўхт ва чӣ кор карданашро надониста монд.

Ногоҳ Эшон ба ёдаш расид. Вай ба Эшон ихлоси беандоза дошт. Ва мудом дар хизмати ў буд. Даҳ қадамро як қадам карда ба хонаи Эшон расид. Дарро тақ-тақ зад.

– Кист?

– Пирам, ман Салим, – аз паси дар ҷавоб дод ў.

– Чӣ гап? Тумор лозим ё таштоб? – дарро накушода, пурсид Эшон.

– На ину на он. Харама қама карданд, озодаш кун.

– Ин кори сиёсияй, бозӣ нест. Маро қатӣ накун.

– Чӣ кор кунам?

– Пеши бригадир рав.

Ва ў боз даҳ қадамро як қадам карда, ба хонаи бригадир омад.

– Акаи Искандар дар хона аст? – аз паси дар садо кард ў.

– Нест, – гуфт ҳамсари бригадир.

– Дар куҷо аст? Бисёр зарур!

– Дар хонаи Зеварой, делаву дафтар пур мекуна.

Чун ба дари хонаи Зеварой расид, аз сўрохӣ ба дохили ҳавлӣ нигарист. Манзараи ғайриоддӣ ўро ба ҳайрат овард. Зеварой дар сояи ангур гилему кўрпача партофта, сари бригадирро рўи зонувон монда, дастмол мекард. Бригадир, ки одами қадбаланду чашмкалони андаке асабӣ буд, ҳамеша абру гирифта, гап мезад. Вай аз паси дар дўғ зад:

– Дар ин ҷо г… мехўрӣ?!

– Эшон фиристод…

– Э бар падари Эшонат…

Аз ин ҳарф дили акаи Салим суст шуд.

– Харама қама… – базўр ба забон овард ў.

– Тўғрӣ! – дўғ зад бригадир. – Мембрӣ дар лави пахта набандиш!

– Ба Худо, ки дур буд.

– Дур буд?! Набошад, се бута пахтара очат пок-покиза хўрдай?! Ман не, раис дидай. Панҷ милисая ҷеғ зада, амр додай, ки бурда қамаш кунен.

– Ака, як бало кун, харама халос кун, – оби дида резонд акаи Салим.

– Гум шав!

– Бе хар чӣ хел гум шавам?

Бригадир аз ин сухан ба ғазаб омад. Бо шаст дарро кушод. Бо қаҳр аз гиребони акаи Салим дошта, ба дарун кашид. Ва бари рўяш бо шаппотӣ зад. Аз чашмони акаи Салим алов рехт.

– Ҳа, харат боигарии халқа несту нобуд  кунаду боз забонат дароз. Биғ нагў, ки суд очаи зората нишон медиҳад.

– Ҷарима меандозад?

– Ҷарима?! – ба рўи ў теғ кашида, нигарист бригадир. – Худатам бурда қама мекунан. Говсуд мекунанта!

Говсуд! Медонад ў говсудро. Ин буд, ки тарс хўрд. Тарс то мағзи дилаш кора кард. Алахчааш карахт шуд. Ранг дар рўяш намонд.

– Гум шав!

Акаи Салим як қад парида, ба худ омад. Ва бо сари хам, чашми гирёну дили бирён қафо гашт.

– Уфф!…. Рўзам сиёӣ шуд-ку. Пешонаам шўр набошад…

Рўз вазнин.

Роҳ вазнин.

Худаш ташна. Даҳонаш хушкидаву бенам. Ҳалқаш қоқ. Кўча ҳам ҳоли ғарибе дошт. Чун гўристон хароб. Замин зери пояш гумб-гумб садо медод.

Ва ногоҳ садое ўро аз анбўҳи андешаҳо берун мекашад. Истода ба атроф менигарад. Ба ҷуз хаш-хаши баргҳову нолаи мурғакони шохаи дарахтон садое барнамеомад. Нияти рафтан мекунад, вале он садо, ки ин дафъа буротару шиддатноктар ба гўш мерасид, такрор мешавад:

– Исто-о-о!

Ва меистад дар ҷояш. Боз ба атроф таваҷҷўҳ мекунаду кампиракеро  мебинад. Вай даба-даба пой монда, дастак мезад.

– Эҳей бача, исто.

«О, ин кампири Озода-ку? Аз афташ севанчигирӣ метозад? Не, гашташ ким-чӣ хел…»

Акаи Салим ба истиқболи кампири Озода шитофт.

– Э, дар ту бумурум, бидав, Салима хабар кун, ки…

Акаи Салим ранги ўро дида, бисёр тарсид – рангаш дока барин буд.

– Чӣ гап? – Дилаш ларзид. – Ман… ман Салим.

Кампири Озода тез-тез нафас мекашид.

– Уф-ф-ф! – гўён нафас рост кард ў. Ва бо ду даст аз миёнаш дошта гуфт:

– Э, гўр пирӣ шавад. Нашнохтумут. Тез ягон мошин биёв.

– Мошин? Мошин чӣ лозим?

– Аҳволи занат вазнин. Се соат боз дард мекашад, Ҳеҷ сабук намешавад.

– О, панҷтояш рўи дастони худатон шуда буд-ку?

– Инаша ҳеҷ нафаҳмидам. Ҳама ҳунарама сарф кардум, нашуд. Чӣ балое шудагӣ.

Акаи Салим ҳангу манг монд. Кампир рангу қуташ парида, чашмонашро калон кушода, бо тарсу ваҳм ба ў нигоҳ мекард ва мегуфт:

– Дав, тез дав.

Ва ў давид. Ба чор сў давид. Чун мурғи посўхта. Касеро пайдо накард. Ҳама аз паи пахта. Миёни роҳ як дам пакар монд. Сипас ба ин сў-он сў нигоҳ кард-ҳама ҷо сокит. Ногоҳ хурўсе болу пар афшонда, мокиёнеро сўи роҳи калон таъқиб кард. Ва ў ҳам ба роҳи калон тохт. Бо зориву тавалло, оҳу нола мошинеро киро кард.

Дар роҳ мошинро милисаҳо доштанд. Онҳо бисёр буданд. Ҳамаашон ҷавон, бардаму бақувват. Яке, эҳтимол, сарварашон, бўзбала ва бадқаҳр буд.

– Чӣ шиштен?! Фуроед! – Дўғ зад ҳамон милисаи бадхашм.

Акаи Салиму ронанда фуромаданд.

– Ў бева чӣ шиштай?! Хонаи очашай! – Норизо шуда, абрў гиреҳ кард калони милисаҳо.

«Бева» гуфтанаш ба акаи Салим сахт расид. Дилаш таҳ зад. Ғаму андўҳаш беш гашт.

– Вай вазбин.

– Чӣ?! Вазбин? – бо истеҳзо пурсид калони милисаҳо.

– Ҳа, ака.

– Ҳӣ-ҳӣ-ҳӣ! Камтар хўрад, намешад.

– Не, дуҷон, – овозаш ларзид.

– Дуҷон? Набошад, ду баробар зиёд бояд пахта чинад.

– Не, не, охир вай касал, дарди кўдак… – қариб ки гиряомез гуфт акаи Салим.

– Дарди кўдак? Як пахтачин ба дунё меояд гўй. Хайр, ба ҷои ў ҳам пахта мечинен. Ба майдон дароен. Норма панҷ килогӣ.

Зориву нолааш ба калони милисаҳо асар накард. Аз санг садо буду аз ў не. «Ранг бину ҳол пурс»-дигар ҳоҷати зориву тавалло набуд. Ногоҳ чашмаш ба марде афтод, ки тахмин си-сиюпанҷ қадам дуртар аз ў «пахта, пахта, ҷон пахта» гўён, ин сў-он сў қадам мезад. Марди пуррагўшти олуфта буд ў.

Акаи Салим бо қадамҳои беҷуръатона ба ў наздик шуда, хост зиёрат кунад, вале олуфта чунон дарғазаб шуд, ки дар чашмонаш хун ҷўшида рафт. Акаи Салим сабаби «ғазаби ногаҳонӣ»-и ўро нафаҳмида, гаранг шуд ва аз ваҷоҳаташ дарёфт, ки «биринҷ дигар об намебардорад». Бо вуҷуди ин «ҳарчӣ бодо бод» гўён, арзи матлаб намуд.

– Чӣ-ӣ?! – чашмони мард гўё аз косахонаашон баромаданд. – Дард? Ҳоло дарди ҳама як-пахта! Медонӣ, пахта чӣ?! Тиллои сафед! Пахта ин қувват, мадор, ифтихори мо! Пахта ин рўи сурхамон, забони дарозамон, дастархони пурамон! Ҳоло ҳама дар саҳро! Мактабҳо, донишкадаҳо, корхонаҳо, вазоратҳо баста! Фаҳмидӣ!!!

Фаҳмид. То пахта начинад, аз дасти аҷал халосӣ ҳасту аз дасти ин одамон не.

Вай зуд қафо гашт. Аз ҷўйбор ҳалос зада, париду ба ҷўяки пахта даромад. Чунон тез пахта мечид, ки гўё тори сараш бо автомат истода бошанд. Сахт нафас мегирифт. Дилаш бо изтироб мезад.

… ё Худо…

… ё Авлиё…

… ё арвоҳи момаи Оҷар…

Ногаҳон қар-қари зоғ расид ба гўшаш. Як маҳшар зоғ дид. Ўяш бо-виқор қар-қар мекард, ўяш чун раис қадам мемонд, ўяш бо нўл замин мекўфт…

Наҳсҳо!

Туф кард.

Ором надошт. Мечиду мечид. Чӣ қадар вақт гузашт, ёд надорад. Фартукаш вазн гирифт. Кушоду сўи аробае, ки канори майдон меистод, давид. Ба гўшаш боз қар-қари зоғ расид. Наистод. «Наҳсҳо!» – нафринкунон медавид. Сўи мошин ҳам дав-давон рафт. Саросема дарашро кушод. Ҳамсараш афтид. Ўро бардошт. Баданаш сард буд.

– О-оҳ! – Аз дилаш баромад ин нидо, такон хўрд, ларзид, шах шуд.

Гиряи кўдак ўро ба худ овард.

Оча рафту бача монд. Сараш аз санг будааст. Ятим ном монданд ўро. Акаву апаҳои ҳамхунаш чашми дидан надоштанд ўро. Чун зоғи сиёҳ шумаш медиданд. Падар бедуд месўхт. Дилаш хун буд.

– Сархўр! – бо нафрат ба сари Ятим дод мезаданд акаву апаҳояш.

Сағираи сархўра ҳама Пахта гуфта, ҷеғ мезаданд. Пахта ҳеҷ ҷон намегирифт. Қад намекашид. Роҳгардон намешуд. Забон намебаровард. Дили падар хун буд. Тасаллояш медоданд. Аз сўзи дил бо алам механдид. Даво меҷўст. Сағираи сархўра гирди даҳ мазор бурд. Хоки мазор об карда, хўронд. Даруни гўри кўҳна монд. Аз обмўрӣ гузаронд. Аз дарахти дуқўша гузаронд. Хононд. Оҳ, чӣ қадар давид…

Сари акаи Салима ҳам пахта хўрд.

Ҳамон рўз табелчӣ ба майдони фарох дида дўхта, худ ба худ гуфт:

– Касофати Салим наметобад? Хоба задагист лаънатӣ!

Бале…

Ў ба хоб рафта буд. Хоби абадӣ!

Ҷасади ў дар даруни ҷўяки пахта, рўи баргҳои хазону хоки нам мехобид. Фартукаш пури пахта. Ҳарду панҷааш ҳам пахта дошт.

Якчанд пашша гирди сараш парзанон ғинг-ғинг мекарданд. Вақте ки одамон омаданд, онҳо гурехтанд.

Одамон шах шуданд. Касе ҷуръат намекард, ки ўро бардорад.

Олам гўё ях баста буд.

– Чӣ ҷамъ шудед?! Пахтая очатон мечинад?! Э дар қаври…

Ҳозирон бригадирро диданду рамида, қадаме ба ақиб ниҳоданд.

Чашми бригадир ба Салим бархўрду ғавғо бардошт.

– Ин падарлаънат чанд пахтая ба хок яксон кардай-ку?! Канӣ хез, падарлаънат!

Вале акаи Салим намеҷунбид – сангро мемонд.

– Абдулло! Ку бедораш кун.

Кушишҳои Абдулло беҳуда рафт, Салим бедор нашуд.

– Маст – пастай-чӣ? Ку ин сў биёреш.

Чор-панҷ кас он сў қадам ниҳоданӣ шуд.

– Ду кас равед бас, пахтая ҷазир мекунед.

Ду кас ўро бардошта оварданд.

– Бин, ҷон дорад ё не.

– Не, танаш сард.

– Ёфт вақти мурданаша лаънатӣ! – бо ғазаб гуфт бригадир ва ба сари ҳозирон дўғ зад:

– Чӣ шах шуден?! Чӣ мурдая надидед?! Аз паи кор шавед! Плани давлат пур нею яке мемурад, дигарон тамошобин. Э дар қаври…

Одамон рафтанд. Як кас – табелчӣ Абдулло монд. Вай ба бригадир нигарист

– Бегоҳ мебаредаш, – бепарво гуфт ў.

Бегоҳ ҷасади Салимро ба хонааш бурданд. Базўр пахтаро аз дастонаш раҳо карданд. Лекин аз хонааш кафан наёфтанд. Хайрият, як кампири худотарс барои худаш дар кунҷи сандуқ баҷо карда будааст. Оварда дод. Дар ҷанозааш одами бисёр набуд. Охир, пахта дар саҳро интизори чидан буд.

…Ятим бе модару бе падар задаву кўфта калон шуд. Пахтачин шуд. Ҳама чизро фаромўш кард. «Пахта, пахта, ҷон пахта!» – гўён суруд мехонду пахта мечид. Зуд-зуд сулфаву атса мезаду пахта мечид.

Ба духтарак чашмак мезаду пахта мечид.

Пахта Пахтаро мехўрд.

20 октябри соли 1991

14 январи соли 1995

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …