Пахта

Дами гуруби офтоб мо панч нафар нишаста, дами бегам мезадем. Яке ба ман ношинос, уро бори нахуст медидам. Ва чун номашро ба забон оварданд, гуё ягон чизи аз акл берунро шунида бошам, бо хайрату тааччуб ба у нигаристам.

– Пахта-а?!

Вай оромона посух дод, ки:

– Ха, Пахта.

Пахта чист? – Пахта пахта чон пахта
Пахта чист? – Пахта пахта чон пахта

Ман хомуш мондам, вале руям тааччуб ва тахайюри маро ифода мекард. Баъд хомуширо боз вайрон намудам:

– То хол бо номхои Теша, Табар ва Пиёла вохурда будам. Вале Пахтаро бори нахуст мешунавам. Охир, пурсидан айб нест, гуфтаанд. Чаро номи шумо Пахта?

Марди ношинос як охи вазнине кашиду гуфт:

– Пахта номам не, лакабам. Номам – Ятим. Лекин онро касе ба забон намегирад. Аз кудаки хама Пахта мегуфтанд. Пахта шуда мондам.

Вай марде буд кадпаст, хеле логар ва чехрааш устухоннамои заъфарон.

Оташи хисси кунчковиам бештар аланга заду ба чехраи афсурдаи у нигариста пурсидам:

– Охир, сабаб доштагист?

Чанд фурсат вай харфе назад.

– Ё намедони?

Дар чашмони вай, гуё чанд шуълаи нур канда гардид, ки гавхаракаш хира гашта, ба равокаш фуру рафт. Ба замин чашм духт ва лахзае пас сар бардошта, охи вазнине кашиду гуфт:

– Чаро надонам. Медонам…

 

*   *   *

 

Тирамохи заррин хукм меронд.

Айни долу зарби кор – маъракаи аз об бардоштани галбер, гуноварии хосили пахта. Аз ин ру хурду калон – аз хафтсола то хафтодсола – камархоро махкам баста, ба сахро баромадаанд. То ки ягон пагаи пахта талаф нашавад. Акаи Салим чамгин. Ангуштонаш галбер барин сурох шудаанд. Ба кусаки пахта даст мебараду дард то банди дилаш панча мезанад. Дардро бо зури иродат фуру нишонда, зур мезанад. Метарсад, боз аз дигарон кафо намонад. Кафо монад, рузаш сиёх мешавад, номаш то дахони раис рафта, аз радиоузели колхоз эълон мешавад. Катори беномусон, муфтхурон, намакзадагон чой мегирад. Хай, ба худаш хам кило лозим-ку. Сад кило чинад – се сум. Осон не сад кило чидан. Чони саги сиёх мекани, азоби гура мекаши, ки сад кило чини. Аз мурчфарёд то як поси шаб ба хар як нихол чанд бор сачда мекуни.

Офтоб ба киём расида, нами замину нихолхоро мемакид. Бугуми миёнаш сузиш мекард. Мадори бозуву соки похо намонда буд. Лабонаш хушкид. Халкаш кок. Чанги нихолхо бебаркаш ба димогаш мезад. Зуд-зуд сулфаву атса мезад. Ташна буд. Об мехост дилаш. Об набуд. Сари замин об наоварданд. Касе чуръати «Об биёред» гуфтан надошт. Аз наздаш бедонае «фиррч» парид. Дилаш дута шуд. «Ба болои мурда сад чуб»-дасташа бингак газид. Чаз-чаз сухтан гирифт дасташ. «Уф-пуф» гуфта, бо як азоб коматашро рост кард. Вале коматаш пурра рост нашуд. Чангак буд. Хамон зайл сари хам ба атроф нигарист. Чашмаш ба хирмани пахта афтод. Пури пахта буд он. Сап-сафед. Чашм мерабуд.

Чашм аз хирман биканд. Нафас кашид. Аз хаво буи захр меомад. Биниаш хам сузиш дошт.

Боз бо як азоб хам шуда, ба замин сачда меорад. Ва лаб газида, пахта мечинад. Ох пахта-е! Ха, аз он рузе ки пахта ба «тахти таччамул» нишаст, хама чиз дигар гашт. «Лашкар»-и нихоли пунба тамоми заминхоро ишгол намуд. Хама чизро «кир» кард. Хусни дехаро рабуд, безеб шуд он. Одамон хам безеб шуданд. Аз замини наздихавлч хам чудо гаштанд. Ба он пахта коштанд.

«Ба давлат пахта лозим!» гуфтанд. Ки гуфтааст, ки лозим не. Лозим! Лекин хамин «лозим» хам ягон хадду худуд доштагист? Хайр, акаллан дарахтхоро решаков намекарданд. О, босамар, хосилдех буданд. Тарбурч-сарбурч! Дилаш сухт ба холашон. «Ба пахта офтоб лозим!» гуфтанд. Ха, офтоб ба ки лозим нест.

Шиорхои сурх хама чоро зер намуданд: «Пахта шаъну шарафи мост!», «Пахта обруву эътибори мост!», «Пахта боигарии мост!», «Пахта руи сурхи мост!», «Як чигит ба чои як чигит!»

Сурудхо эчод гардид: «Пахта, пахта, чон пахта, руида чун гулдаста…»

Ва мол намонд. Асп нест шуд, буз нест шуд, гусфанд нест шуд, гов нест шуд. Пахта монду як хар. Акнун себу ноку шафтолу он тараф истад, ду барги пиёзу гашнич намеёби, ки ба шакаров андози. Ин чи руз-а?! Хай, хай ношукри накун. Худоро шукр кун, ки чою нон хаст. Нахор чою нон. Чошт чою нон. Шом чою нон…

Хамин дам хабар оварданд, ки хари акаи Салима хабс карданд. Вай як кад парида, хангу мангаш канд. Ранг дар руяш намонд. Дахонашро калон кушода, сахт-сахт мижа зад. Хушаш ба сар омаду забонаш ба гуфтор.

– Чи гуфти?!

– Харата хабс карданд!

Гуё чон аз дасту пояш баромад, боз хангу мангаш канд ва руи фартуки пахта нишаст. Сахл монда буд, ки биафтад

– Наход, – гиребон гирифт у, – хара хабс кунанд?

… Ё тавба?!

… Охирзамон…

Вай боз гиребонашро гирифта, тавба кард ва ох аз чигар баровард, оби дидагонашро бо як порча чити ифлос, ки вазифаи руймолчаро ичро мекард, тоза намуд. Акнун чи кор мекунад? О, бе хар вай бе дасту по барин. Хар ягона бисоташ-а?! Гову гусола, бузу гусфанд надошта бошад. Пеш дошт. Фурухт. Мачбур шуд, охир. Чарогоха пахта коштанд. Колхоз дигар юнучка, гандум, чуворимакка намекошт. Чояшона пахта гирифт.

– Ё наузубиллох! – боз гиребони худ гирифт акаи Салим ва лахзае бехуд гашт.

Чун хуш ба сараш омад, хест. Осемасар дарди миёну дасту пояшро хам фаромуш карда, ба чои бастаи хараш давид. Хар набуд. Ин су – он су дида давонд. На пай буду на хайдар.

«О, бебахте…» – ба хараш дилаш сухт ва чи кор карданашро надониста монд.

Ногох Эшон ба ёдаш расид. Вай ба Эшон ихлоси беандоза дошт. Ва мудом дар хизмати у буд. Дах кадамро як кадам карда ба хонаи Эшон расид. Дарро так-так зад.

– Кист?

– Пирам, ман Салим, – аз паси дар чавоб дод у.

– Чи гап? Тумор лозим ё таштоб? – дарро накушода, пурсид Эшон.

– На ину на он. Харама кама карданд, озодаш кун.

– Ин кори сиёсияй, бози нест. Маро кати накун.

– Чи кор кунам?

– Пеши бригадир рав.

Ва у боз дах кадамро як кадам карда, ба хонаи бригадир омад.

– Акаи Искандар дар хона аст? – аз паси дар садо кард у.

– Нест, – гуфт хамсари бригадир.

– Дар кучо аст? Бисёр зарур!

– Дар хонаи Зеварой, делаву дафтар пур мекуна.

Чун ба дари хонаи Зеварой расид, аз сурохи ба дохили хавли нигарист. Манзараи гайриодди уро ба хайрат овард. Зеварой дар сояи ангур гилему курпача партофта, сари бригадирро руи зонувон монда, дастмол мекард. Бригадир, ки одами кадбаланду чашмкалони андаке асаби буд, хамеша абру гирифта, гап мезад. Вай аз паси дар дуг зад:

– Дар ин чо г… мехури?!

– Эшон фиристод…

– Э бар падари Эшонат…

Аз ин харф дили акаи Салим суст шуд.

– Харама кама… – базур ба забон овард у.

– Тугри! – дуг зад бригадир. – Мембри дар лави пахта набандиш!

– Ба Худо, ки дур буд.

– Дур буд?! Набошад, се бута пахтара очат пок-покиза хурдай?! Ман не, раис дидай. Панч милисая чег зада, амр додай, ки бурда камаш кунен.

– Ака, як бало кун, харама халос кун, – оби дида резонд акаи Салим.

– Гум шав!

– Бе хар чи хел гум шавам?

Бригадир аз ин сухан ба газаб омад. Бо шаст дарро кушод. Бо кахр аз гиребони акаи Салим дошта, ба дарун кашид. Ва бари руяш бо шаппоти зад. Аз чашмони акаи Салим алов рехт.

– Ха, харат боигарии халка несту нобуд  кунаду боз забонат дароз. Биг нагу, ки суд очаи зората нишон медихад.

– Чарима меандозад?

– Чарима?! – ба руи у тег кашида, нигарист бригадир. – Худатам бурда кама мекунан. Говсуд мекунанта!

Говсуд! Медонад у говсудро. Ин буд, ки тарс хурд. Тарс то магзи дилаш кора кард. Алахчааш карахт шуд. Ранг дар руяш намонд.

– Гум шав!

Акаи Салим як кад парида, ба худ омад. Ва бо сари хам, чашми гирёну дили бирён кафо гашт.

– Уфф!…. Рузам сиёи шуд-ку. Пешонаам шур набошад…

Руз вазнин.

Рох вазнин.

Худаш ташна. Дахонаш хушкидаву бенам. Халкаш кок. Куча хам холи гарибе дошт. Чун гуристон хароб. Замин зери пояш гумб-гумб садо медод.

Ва ногох садое уро аз анбухи андешахо берун мекашад. Истода ба атроф менигарад. Ба чуз хаш-хаши баргхову нолаи мургакони шохаи дарахтон садое барнамеомад. Нияти рафтан мекунад, вале он садо, ки ин дафъа буротару шиддатноктар ба гуш мерасид, такрор мешавад:

– Исто-о-о!

Ва меистад дар чояш. Боз ба атроф таваччух мекунаду кампиракеро  мебинад. Вай даба-даба пой монда, дастак мезад.

– Эхей бача, исто.

«О, ин кампири Озода-ку? Аз афташ севанчигири метозад? Не, гашташ ким-чи хел…»

Акаи Салим ба истикболи кампири Озода шитофт.

– Э, дар ту бумурум, бидав, Салима хабар кун, ки…

Акаи Салим ранги уро дида, бисёр тарсид – рангаш дока барин буд.

– Чи гап? – Дилаш ларзид. – Ман… ман Салим.

Кампири Озода тез-тез нафас мекашид.

– Уф-ф-ф! – гуён нафас рост кард у. Ва бо ду даст аз миёнаш дошта гуфт:

– Э, гур пири шавад. Нашнохтумут. Тез ягон мошин биёв.

– Мошин? Мошин чи лозим?

– Ахволи занат вазнин. Се соат боз дард мекашад, Хеч сабук намешавад.

– О, панчтояш руи дастони худатон шуда буд-ку?

– Инаша хеч нафахмидам. Хама хунарама сарф кардум, нашуд. Чи балое шудаги.

Акаи Салим хангу манг монд. Кампир рангу куташ парида, чашмонашро калон кушода, бо тарсу вахм ба у нигох мекард ва мегуфт:

– Дав, тез дав.

Ва у давид. Ба чор су давид. Чун мурги посухта. Касеро пайдо накард. Хама аз паи пахта. Миёни рох як дам пакар монд. Сипас ба ин су-он су нигох кард-хама чо сокит. Ногох хурусе болу пар афшонда, мокиёнеро суи рохи калон таъкиб кард. Ва у хам ба рохи калон тохт. Бо зориву тавалло, оху нола мошинеро киро кард.

Дар рох мошинро милисахо доштанд. Онхо бисёр буданд. Хамаашон чавон, бардаму бакувват. Яке, эхтимол, сарварашон, бузбала ва бадкахр буд.

– Чи шиштен?! Фуроед! – Дуг зад хамон милисаи бадхашм.

Акаи Салиму ронанда фуромаданд.

– У бева чи шиштай?! Хонаи очашай! – Норизо шуда, абру гирех кард калони милисахо.

«Бева» гуфтанаш ба акаи Салим сахт расид. Дилаш тах зад. Гаму андухаш беш гашт.

– Вай вазбин.

– Чи?! Вазбин? – бо истехзо пурсид калони милисахо.

– Ха, ака.

– Хи-хи-хи! Камтар хурад, намешад.

– Не, дучон, – овозаш ларзид.

– Дучон? Набошад, ду баробар зиёд бояд пахта чинад.

– Не, не, охир вай касал, дарди кудак… – кариб ки гиряомез гуфт акаи Салим.

– Дарди кудак? Як пахтачин ба дунё меояд гуй. Хайр, ба чои у хам пахта мечинен. Ба майдон дароен. Норма панч килоги.

Зориву нолааш ба калони милисахо асар накард. Аз санг садо буду аз у не. «Ранг бину хол пурс»-дигар хочати зориву тавалло набуд. Ногох чашмаш ба марде афтод, ки тахмин си-сиюпанч кадам дуртар аз у «пахта, пахта, чон пахта» гуён, ин су-он су кадам мезад. Марди пуррагушти олуфта буд у.

Акаи Салим бо кадамхои бечуръатона ба у наздик шуда, хост зиёрат кунад, вале олуфта чунон даргазаб шуд, ки дар чашмонаш хун чушида рафт. Акаи Салим сабаби «газаби ногахони»-и уро нафахмида, гаранг шуд ва аз вачохаташ дарёфт, ки «биринч дигар об намебардорад». Бо вучуди ин «харчи бодо бод» гуён, арзи матлаб намуд.

– Чи-и?! – чашмони мард гуё аз косахонаашон баромаданд. – Дард? Холо дарди хама як-пахта! Медони, пахта чи?! Тиллои сафед! Пахта ин кувват, мадор, ифтихори мо! Пахта ин руи сурхамон, забони дарозамон, дастархони пурамон! Холо хама дар сахро! Мактабхо, донишкадахо, корхонахо, вазоратхо баста! Фахмиди!!!

Фахмид. То пахта начинад, аз дасти ачал халоси хасту аз дасти ин одамон не.

Вай зуд кафо гашт. Аз чуйбор халос зада, париду ба чуяки пахта даромад. Чунон тез пахта мечид, ки гуё тори сараш бо автомат истода бошанд. Сахт нафас мегирифт. Дилаш бо изтироб мезад.

… ё Худо…

… ё Авлиё…

… ё арвохи момаи Очар…

Ногахон кар-кари зог расид ба гушаш. Як махшар зог дид. Уяш бо-викор кар-кар мекард, уяш чун раис кадам мемонд, уяш бо нул замин мекуфт…

Нахсхо!

Туф кард.

Ором надошт. Мечиду мечид. Чи кадар вакт гузашт, ёд надорад. Фартукаш вазн гирифт. Кушоду суи аробае, ки канори майдон меистод, давид. Ба гушаш боз кар-кари зог расид. Наистод. «Нахсхо!» – нафринкунон медавид. Суи мошин хам дав-давон рафт. Саросема дарашро кушод. Хамсараш афтид. Уро бардошт. Баданаш сард буд.

– О-ох! – Аз дилаш баромад ин нидо, такон хурд, ларзид, шах шуд.

Гиряи кудак уро ба худ овард.

Оча рафту бача монд. Сараш аз санг будааст. Ятим ном монданд уро. Акаву апахои хамхунаш чашми дидан надоштанд уро. Чун зоги сиёх шумаш медиданд. Падар бедуд месухт. Дилаш хун буд.

– Сархур! – бо нафрат ба сари Ятим дод мезаданд акаву апахояш.

Сагираи сархура хама Пахта гуфта, чег мезаданд. Пахта хеч чон намегирифт. Кад намекашид. Рохгардон намешуд. Забон намебаровард. Дили падар хун буд. Тасаллояш медоданд. Аз сузи дил бо алам механдид. Даво мечуст. Сагираи сархура гирди дах мазор бурд. Хоки мазор об карда, хуронд. Даруни гури кухна монд. Аз обмури гузаронд. Аз дарахти дукуша гузаронд. Хононд. Ох, чи кадар давид…

Сари акаи Салима хам пахта хурд.

Хамон руз табелчи ба майдони фарох дида духта, худ ба худ гуфт:

– Касофати Салим наметобад? Хоба задагист лаънати!

Бале…

У ба хоб рафта буд. Хоби абади!

Часади у дар даруни чуяки пахта, руи баргхои хазону хоки нам мехобид. Фартукаш пури пахта. Харду панчааш хам пахта дошт.

Якчанд пашша гирди сараш парзанон гинг-гинг мекарданд. Вакте ки одамон омаданд, онхо гурехтанд.

Одамон шах шуданд. Касе чуръат намекард, ки уро бардорад.

Олам гуё ях баста буд.

– Чи чамъ шудед?! Пахтая очатон мечинад?! Э дар каври…

Хозирон бригадирро диданду рамида, кадаме ба акиб ниходанд.

Чашми бригадир ба Салим бархурду гавго бардошт.

– Ин падарлаънат чанд пахтая ба хок яксон кардай-ку?! Кани хез, падарлаънат!

Вале акаи Салим намечунбид – сангро мемонд.

– Абдулло! Ку бедораш кун.

Кушишхои Абдулло бехуда рафт, Салим бедор нашуд.

– Маст – пастай-чи? Ку ин су биёреш.

Чор-панч кас он су кадам ниходани шуд.

– Ду кас равед бас, пахтая чазир мекунед.

Ду кас уро бардошта оварданд.

– Бин, чон дорад ё не.

– Не, танаш сард.

– Ёфт вакти мурданаша лаънати! – бо газаб гуфт бригадир ва ба сари хозирон дуг зад:

– Чи шах шуден?! Чи мурдая надидед?! Аз паи кор шавед! Плани давлат пур нею яке мемурад, дигарон тамошобин. Э дар каври…

Одамон рафтанд. Як кас – табелчи Абдулло монд. Вай ба бригадир нигарист

– Бегох мебаредаш, – бепарво гуфт у.

Бегох часади Салимро ба хонааш бурданд. Базур пахтаро аз дастонаш рахо карданд. Лекин аз хонааш кафан наёфтанд. Хайрият, як кампири худотарс барои худаш дар кунчи сандук бачо карда будааст. Оварда дод. Дар чанозааш одами бисёр набуд. Охир, пахта дар сахро интизори чидан буд.

…Ятим бе модару бе падар задаву куфта калон шуд. Пахтачин шуд. Хама чизро фаромуш кард. «Пахта, пахта, чон пахта!» – гуён суруд мехонду пахта мечид. Зуд-зуд сулфаву атса мезаду пахта мечид.

Ба духтарак чашмак мезаду пахта мечид.

Пахта Пахтаро мехурд.

20 октябри соли 1991

14 январи соли 1995

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …