Главная / Илм / Овоз чист

Овоз чист

Саид аз рўи одат чашми чапашро кушода, ба соати деворӣ нигоҳ кард. Сипас кўрпаро болои сар кашида, паҳлўи дигар гашту чашм пушид. Ғанаб карда буд, ки овози завҷааш ўро як қад паронд. Овози ў чунон баланд буд, ки Саид ҳаросида: «Ҳа, ҳа. Чӣ гап?!» – гўён, аз хоб бедор шуд.

– О, хез! Лангар зада мехобӣ-чӣ? – бо оҳанги маломат гуфт завҷааш.

– Чӣ, ба кор дер мондам?

– Не, имрўз якшанбе-ку.

Саид ҳадаҳа ба гиребони майкааш се-чор бор туф кард.

– Уфф… Қариб заҳракаф шуда будам. О, набошад чаро бедор кардӣ?

– Овоза кӣ медиҳад! – бо тамасхури ошкоро гуфт завҷааш.

– Овоз? – дасту по гум кард Саид. – Чӣ хел овоз?

– Эҳа, аз ботлоқи сиёсат берун мондаӣ-ку! – бо истеҳзо нидо намуд завҷааш. – О, имрўз интихобот

– Чӣ?! Боз интихобот! – шўрид Саид ва рў-рўи хона қадамзанон ғур-ғур кард: – Ман дар хурди ҳамин қадар ба мактаб намерафтам, он қадаре ки ҳоло ба интихобот. Ҳар рўз интихобот.

– Тибқи Сарқонун ин интихобот, – гуфт завҷааш димоғаш сўхта.

– Чӣ?! – Саид истода ба рўи завҷааш нигарист. – Сарқонун? Боз инаш чӣ?

– Чӣ. Сарқонунро намедонӣ? Сарқонун, яъне Конституция.

– Ана ҳамин хел тоҷикӣ гўй-дия, – ғур-ғур кард Саид. Сипас бедимоғ пурсид:

– Боз киро интихоб мекунем?

– Депутатҳоро, – таҷанг шуда ҷавоб дод завҷааш.

– Чанд каcанд? – дарҳол пурсид Саид.

– Мегўянд, ки бист кас буданд. Бо қувваи яроқ ҳаждаҳ касаш номзадиашро гирифтааст. Ду кас Алию Вали мондааст.

– Чӣ доданд? – саросема боз савол дод Саид.

– Ҳеҷ чиз, – бо иллат посух дод завҷааш.

Саид бо ҳайрати том ба рўи завҷааш чашм дўхт.

– Чӣ хел, ҳеҷ чиз? О-о, доим медоданд-ку?

– Э, ту аз ҳавои тағирёбандаи сиёсати замон бехабар мондаӣ. Акнун депутатҳо медонӣ чӣ мегўянд? Намедонӣ? Набошад шунав. Онҳо мегўянд, ки: «Ваъда медиҳем, ки ваъдаи хушку холӣ намедиҳем» мегўянд. Акнун на ину на он.

– Ҳа-а, ин тавр гўй, – оҳи сард кашид Саид. – Набошад худат рафта ба ҷои ман ҳам овоз бидеҳ.

– Намешавад. Акнун ҳар кас бояд худаш рафта овоз диҳад. Ҳатто шиносномаро ҳам тафтиш мекардаанд.

– Набошад рафтем, якҷоя овоз дода меоем.

– Ту ҳушёрӣ ё не, – қавоқ андохт завҷааш. – Якҷоя равем, то меоем, ки хонаро руфта бурдаанд. Аввал ту рав, ман хоная бонӣ мекунам, баъд ман мераваму ту хонаро бонӣ мекунӣ.

Саид акнун аз дар баромадани буд, ки завҷааш бо садои баланд гуфт:

– Ист!

Саид ба ақиб гашт.

– Чӣ? – пурсид ў.

– Канӣ, либосҳоятро каш! – амр дод завҷааш.

Ҳанги Саид канд.

– Чӣ, пеш аз овоз додан…

– Не, натарс. О, ту ба ҳашар меравӣ, ки либоси корӣ пушидаӣ. Интихобот – ид аст. Либоси тоза пуш.

– Чӣ ҷои айб, – гуфт Саид. – Гап дар шакл не, дар мазмун.

– Э, ҳоло ки ба мазмун эътибор медиҳад.

Саид дигар дам назад. О, чӣ бо зан бозӣ кунию чӣ бо думи шер. Ва «дили ёрам намонад» гуфта, пас гашт. Вай ба ин кор он кадар вакти зиёд сарф накард. Зеро хамагӣ як либоси тоза дошт. Онро ў «ҷойравак» мегуфт.

Саид акнун по ба остона монда буд, ки боз занаш садо дод:

– Ист!

Саид ба ақиб гашт.

– Боз чӣ гап?

– Ҳушёр шав, – гуфт завҷааш. – Ба касе ки овоз деҳ гуянд бидеҳ. Фаҳмидӣ?

Дили Саид ба тапиш афтоду дар посух гуфт:

– Эҳа-а, гапи нав-ку!

– Ҳа, замона дигар, нав шудагӣ.

Саид оҳе кашиду бо талхӣ изҳор намуд:

– Пас ту мехоҳӣ, ки ман аз демократия рўй тобам…

– Беақлӣ накун. Рўй натобӣ гарданатро метобанд. Фаҳмидӣ?

Саид аз тарси он ки мабодо завҷааш алами Исоро аз Мўсо гирад, «ҳа, хуб» – гўён, ҷони худро халос кард. Вай аз хона баромада, сўи участкаи интихоботӣ роҳ пеш гирифт. Ногоҳ овози суруде ба гўшаш расид. Истод. Гўш андохт. Ҳофизе гўлу даронда месуруд.

Аз Ҳисору аз Бадахшон,

Аз Кўлобу Ленинобод

Мерасад ҳар лаҳза бар гўш:

«Интихобот! Интихобот!»

Касе сулфид. Саид як қад парид. Дар рў ба рўяш пирамардеро дид. Пирамард бардам, чусту чолок буд. Вай чун одами шинос, даст дода, гарму ҷўшон бо Саид вохўрдӣ кард. Саид ҳам аз рўи одоби шарқӣ бо пирамард вохўрдӣ намуд.

– Ситораат гарм метобад, бачам, аз куҷо мешавӣ?

– Аз Тоҷикистон! – шодон хитоб намуд Саид.

– Мефаҳмам, бачам, лекин хуни нофат дар куҷо рехтааст?

– Дар Хордара.

– Хордара? – саросема, гўё чизи азизи гумкардаашро ёфта бошад, хурсанд шуд пирамард ва боз пурсид:

– Писари кӣ мешавӣ?

– Писари Хаскаш.

– Наход? О, нагуфтам, ки ким-чӣ хел ширин метобӣ. Охир, фарзанди ҷўраи худам будаи-ку-а.

Пирамард Саидро ба оғўш гирифта, мисли писараш ба кундаи синааш зер кард, аз бехи гарданаш бўсид.

– Ошнои мо чӣ ҳол дорад? Чанд сол боз надидаам ўро. Соқу саломатанд?

– Не, гузаштанд…

– Эъ, не-е?! Оббо… «Фарёд зи дасти фалаки ҷомакабуд, ёрони маро омада, як-як рабуд», – пирамард аз киса рўймолча бароварда, нами чашмонашро пок кард. Сипас дурудароз ояте хонда, падари раҳматии Саидро ба некӣ ёд кард.

Лаҳзае ҳарду хомўш монданд.

– Исто, ки, бачам, ба овоздиҳӣ рафта истодаӣ? – яхи хомўширо шикаста пурсид пирамард.

– Ҳа, бобо, – хушҳолона посух дод Саид.

– Чӣ хубе, чӣ хубе, муборак шавад. Овоз додан кори савоб, бачам. Ҳа, кори басо савоб. Ҳам қарз ва ҳам фарз.

Пирамард пашшаи шилқин барин ба Саид часпид. Ва халтаи гапро кушод.

– Дунё чаппа шудааст, бачам. Ҳа, набошад Валия чию депутати чӣ. О, вай як «тарошаи аз бом» рўйи замин омада. Ҳамон «аз зин афтода». Лекин пояшро аз рикоб намегирад. Ҷумҳуриро хароб кард. Ҳоло ў луб-лучак. На пул дораду на пушту паноҳ. Ба қавли тоҷико «на оташи сўзону на оби сард!» Ба қавли русо «ни рыба ни мясо!» «Аз бебасарон умеди некӣ набаред!» – гуфтаанд. Агар ўро рўйи саҳнаи сиёсат биёрем вой бар ҳоли мо! Алӣ бошад, гапи дагар. Вай арзанда! О, ў вазн дорад вазн! Пул дорад, пули бисёр. Боз ошноҳои зиёд, ошноҳои зур дорад. Пулу ошно ҳама чизро ҳал мекунад. Ҳо, мегуянд-ку: «пул бошад ҷангалба шўрбо!» Шиораш: «қавл додӣ иҷро кун, ваъда додӣ вафо кун!»

– Э, бобо кадом депутат аз сад ваъдааш яктояшро иҷро кардааст, ки…

– Не-не, ў дигар, мекунад. Ҳа, агар сад ваъда диҳад, садтояшро иҷро мекунад. Ман ба ин имон дорам. Хўш, ту бо чӣ овоз медиҳӣ?

– Ана бо ҳамин дастам.

– Не, бо дил, бо ақл ё амри виҷдон?

– Ё ҳарсе!

– Чӣ хубе, чӣ хубе! Хўш, дилу ақлу виҷдонат ба кӣ овоз медиҳад?

– «Бе пир марав, дар бимонӣ, ҳарчанд Сикандари замонӣ» мегўянд. Шумо гўед, ки ба кӣ овоз диҳам, ба Алӣ ё Валӣ?

– Ба ҳафт пуштат раҳмат, бачам. Тарбияи хуб гирифта будаӣ. Моя, ки ҳурмат мекунӣ, ҳатман ҳурмат мебинӣ. «Дар ҳар кор машварат бояд, кори бемашварат накў наояд» – гуфтаанд. Шумо ҳоло ҷавон. Мо кам не, ғам не зиёда аз бист интихоботро дидем. Ҳа, гапи мана гирӣ ба Алӣ овоз бидеҳ, бачам.

– Худам ҳам дар ҳамин ният будам. Як дуо диҳед, бобо.

– Илоҳо, ман вори пири бодавлат шавӣ! – дуо дод пирамард.

Дар даромадгоҳи участкаи интихоботӣ ўро чор духтари зебо пешвоз гирифт. Гул барин зебо, тару тоза буданд онҳо. Ҳаваси кас меомад.

– Биёед, биёед! – меҳрубонона гуфт яке. – Хўш омадед!

– Добро пожаловат! – бо табассум гуфт дуюмӣ.

– Хўш келибсиз! – хушҳолона гуфт сеюмӣ.

– Нури дида, тоҷи сар! – гўён, чорумӣ ба ў як дона мехчагули суп-сурх тақдим намуд. Ва чунон табассуми кушандае ба ў ҳадя намуд, ки мехчагул гўё аз рашк пажмурда гашт.

«Сохтакорӣ!» – нидо намуд дар дил Саид. Бо вуҷуди ин аз шодӣ дили ў ба бозӣ даромад. Ва ў бо дили бозингар вориди толори овоздиҳӣ гашт. Паси ҳашт миз ҳашт зебосанами дигар менишастанд. Яке аз дигаре зеботар буд. Лаҳзае гўё дар ҷояш шах шуд. Сипас ҳамаи онҳоро як-як аз назар гузаронд. Гўё барои худ арўс интихоб мекарда бошад. Сипас ба он мизе ки ҳарфи «Х» дошт наздик шуд. Зебосанам аввал ба ў табассуме ҳадя намуду баъд бюллетен дода:

– Медонед-а? – гуфта пурсид ва ҷавоби саволашро интизор нашуда, илова намуд: – Касеро ки намехоҳед хат занед.

Ва дар баробари ин бо ангушти ишоратӣ моҳирона номи Валиро нишон дод. Яъне ўро хат бизан. Оташаке ба ҷисму ҷони Саид зад, ҳисси ғазаб пайкарашро сўхт. Вале худро ба даст гирифта:

– Гап нест! – гуфт.

Зебосанам боз ба ў як табассуми кушанда ҳадя намуд. Саид ба кабина, ки аз бахмали сурх сохта шуда буд, даромад. Саросема ба ин сў – он сў нигарист. Не, ҳама ҷояш руст, касе намебинад. Тамоми кабинаро аз назар гузаронд, ки боз камера ё жучок намонда бошанд. Не, ҳеҷ чиз набудагӣ барин. Бо вуҷуди ин хам шуда, бюллетенро бо танаш пўшонд. Ва бо қаҳр «номат дар гўр!» – гўён, Алиро хат зад.

18 январи соли 2000

 

 

ғқӣҳҷ

ҒҚҲҶ

Пап№33Г=808(кафо)

 

 

Зане ҳангоми ворид шудан ба бинои Маҷлиси намояндагон аз зинапоя меафтад. Раиси парлумон ўро мебардорад. Ў аз раиси парлумон изҳори миннатдорӣ мекунаду мегўяд, ки ба ивази меҳрубонияш чӣ кор кунад. Раиси парлумон дар ҷавоб мегўяд:

– Дар интихоботи оянда ба ман овоз диҳед.

Зан дар ҷавоб мегўяд:

– Мўҳтарам раис, ман ҳангоми афтидан аз поя лат хурдаам, сарам дар ҷояш.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …