Главная / Биология / Обсабзҳои баҳри (обсабзҳои бӯр ва сурх)

Обсабзҳои баҳри (обсабзҳои бӯр ва сурх)

Обсабзҳои бӯр ва сурх асосан сокинони обҳои шӯри баҳру уқёнусҳо ба ҳисоб мераванд. Онҳо дар шароитҳои басо мусоид тез афзуда, дар зери об анбӯҳи азими обсабзҳоро ба вуҷуд меоранд, ки баҳрнавардон онро “садди зинда” меноманд. Ин анбӯҳи азими обсабзҳо суръати ҳаракати нақлиёти обиро халалдор мекунад ва ба фурудоии гидросамолётҳо монеъ шуда метавонад.

obsabzi-bahriҲамаи обсабзҳои бӯр ва сурх организмҳои баландташаккули бисёрҳуҷайрагии мураккаб мебошанд. Дар байни обсабзҳои сурх баъзан намудҳои шакли якҳуҷайрагидошта вомехӯранд. Андозаи онҳо аз як чанд миллиметр то якчанд метр аст. Аксарияти намояндагони обсабзхои бӯр ва сурх бисёрсола мебошанд. Ин обсабзҳо номашонро аз рӯи ранги доштаашон гирифтаанд. Онҳо дорои ранги бӯр, сиёҳ ва сурх мебошанд.

Дар уқёнусҳои Яхбастаи Шимолӣ, Ором обсабзи нисбатан азимҷусса — ламинария, карами баҳрӣ месабзад. Ламинарияи баркамол тақрибан аз 0,5 то 6 м ва дар баъзе ҳолатҳо то 20 м дарозӣ дорад. Ламинарияи аз ҳама калонандоза то 50 м қад мекашад. Ламинария тавассути ризоиди (аз калимаи юнонӣ “риза” – бех, реша, асл ва “идос” – намуд мебошад) шохрондааш, (ки вазифаи решаро иҷро мекунад) ё лаъличааш ба санг ё дигар ҷисмҳои зериобӣ часпида, дар чуқурии аз 2 то 40 м зери об, ки нури офтоб ба кадри кофӣ дастрас аст, фаъолияти ҳаётиашро идома дода, нашъу- намо мекунад.

Намояндагони дигари обсабзҳои бӯр низ дорои ҷисми калон мебошанд. Танаи онҳо ба ҷузъҳо ҷудо шудааст ва баъзе хелхои он ба дарахти азими шохронда шабоҳат доранд. Чунин обсабз- ҳоро қад-қадди соҳилҳои америкоии уқёнуси Ором вохӯрдан мум кин аст. Умуман, обсабзҳои бӯр дар баҳру уқёнусҳои ҷаҳонӣ хеле васеъ паҳн гардиданд. Онҳо бештар дар соҳилҳои Аргентина, қисми гарбии Аляска, ҷазираҳои Алеут, Командор ва Курил вомехӯранд.

Обсабзҳои сурх дар баҳрҳои минтақаҳои тропикӣ ва субтропикӣ, қисман дар минтақаҳои иқлимашон мӯътадил, чунончи, соҳилҳои баҳри Сиёҳ ва Норвегия бештар вомехӯранд.

Обсабзҳои сурх низ бисёрҳуҷайра буда (намудҳои якҳуҷайрагиашон нихоят кам вомехурад), аз руи сохту шаклашон риштамонанди шохронда ё бутташакл мебошанд. Баъзан ҷисми онҳо ба узвҳои ба поя ва барг шабоҳатдошта ҷудо ме- шавад. Андозаи обсабзҳои сурх нисбат ба обсабзҳои бӯр хеле хурд буда, дарозии баъзе намудхои онхо то ба 2 м мерасад.

Ранги обсабзҳои сурх гуногун буда, ин гуногунрангӣ ба таносуби моддахои рангбахши дар он мавҷудбуда вобастагӣ дорад. Зеро дар хромотофори обсабзҳои сурх ба ҷуз хлорофилл (моддаи ранги сабздиҳанда) боз моддаҳои дигаре, ки ба онҳо ранги норинҷӣ, зард, бӯр ва сурх медиҳанд, мавҷуданд. Ба туфайли хлорофилли дар хромотофорҳо будаи обсабзҳои сурх бо иштироки нури офтоб дар онҳо раванди фотосинтез мегузарад. Обсабз дар натиҷаи ин раванд гази карбонати дар об мавҷудбударо фурӯ бурда, оксигенро ба берун хориҷ мекунад ва дар ҷисми обсабз моддаҳои органикӣ, аз қабили қанд, оҳар, равған ва сафедаҳо ҳосил мешаванд.

  1. Обсабзҳои бур ва сурх аз обсабзҳои сабзи риштамонанд бо чӣ фарқ мекунанд?
  2. Обсабзҳои бӯр ва сурх дар куҷо вомехӯранд?
  3. Ранги обсабзҳои бӯр ва сурх ба чӣ вобаста аст?
  4. Ламинария чӣ гуна сохт дорад?
  5. Чаро ламинарияро ба растаниҳои дараҷаи олӣ дохил намекунанд?

Инчунин кобед

sobuni-siyoh

Собун барои доғи руй

Агар шумо ба сини балоғат расида ба гирифтори доғи рӯй шуда бошед пас барои тоза …