Главная / Илм / МУРДАЗОДӣ

МУРДАЗОДӣ

murdazodiМУРДАЗОДӣ, ба дунё омадан ё аз батни модар берун овардани кӯдаке, ки 28 ҳафта (ё зиёдтар аз он) умр дошта (қад аз 35 см ва вазн аз 1000 г кам набошад), баъди ҷудо шудан аз организми модар ягон маротиба нафас нагирифта бошад (қатъи назар аз будан ё набудани таппиши дил ё диг. аломатҳои ҳаёт). То мӯҳлати зикршуда ба дунё омадани тифлро, новобаста аз он ки баъди таваллуд дар ӯ нишонаҳои ҳаёт (аз ҷумла нафаскашӣ) буданд ё не, солҳои пеш бачапартоӣ меномиданд. Феълан кӯдаке, ки дар мӯҳлати то 28 ҳафтаи ҳомилагӣ таваллуд ёфта, баъди он 168 соат (як ҳафта) умр дидааст, ба кӯдакони зинда таваллудшуда мансуб дониста мешавад. Барои нигоҳубини чунин кӯдакон дар таваллудхона шӯъбаҳои махсус вуҷуд доранд (ниг. Афгона). Кӯдакеро, ки то 28 ҳафтаи ҳомилагӣ тавлид ёфта, камтар аз 168 соат умр дидааст, суқут меноманд.
М. батнимодарӣ (кӯдак дар давраи ҳомилагӣ мефавтад, яъне аз ҳафтаи 28-ум то оғози таваллуд) ва зоишӣ (кӯдак ҳангоми таваллуд мефавтад) мешавад. Ба М. бисёр бемориҳои модар, аз ҷумла амрози сироятӣ, токсикозҳои ҳомилагӣ, иллатҳои кӯдак ва машима (платсента), ихтилоли фаъолияти зодан ва ғ. боис мегарданд.
Баҳри пешгирии М. ҳифзи саломатии модар, хусусан дар давраи ҳомилагӣ ва муносибати эҳтиёткорона ба таваллуд аҳамияти калон дорад.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …