Главная / Илм / МУРДАЗОДи

МУРДАЗОДи

murdazodiМУРДАЗОДи, ба дунё омадан ё аз батни модар берун овардани кудаке, ки 28 хафта (ё зиёдтар аз он) умр дошта (кад аз 35 см ва вазн аз 1000 г кам набошад), баъди чудо шудан аз организми модар ягон маротиба нафас нагирифта бошад (катъи назар аз будан ё набудани таппиши дил ё диг. аломатхои хаёт). То мухлати зикршуда ба дунё омадани тифлро, новобаста аз он ки баъди таваллуд дар у нишонахои хаёт (аз чумла нафаскаши) буданд ё не, солхои пеш бачапартои меномиданд. Феълан кудаке, ки дар мухлати то 28 хафтаи хомилаги таваллуд ёфта, баъди он 168 соат (як хафта) умр дидааст, ба кудакони зинда таваллудшуда мансуб дониста мешавад. Барои нигохубини чунин кудакон дар таваллудхона шуъбахои махсус вучуд доранд (ниг. Афгона). Кудакеро, ки то 28 хафтаи хомилаги тавлид ёфта, камтар аз 168 соат умр дидааст, сукут меноманд.
М. батнимодари (кудак дар давраи хомилаги мефавтад, яъне аз хафтаи 28-ум то огози таваллуд) ва зоиши (кудак хангоми таваллуд мефавтад) мешавад. Ба М. бисёр беморихои модар, аз чумла амрози сирояти, токсикозхои хомилаги, иллатхои кудак ва машима (платсента), ихтилоли фаъолияти зодан ва г. боис мегарданд.
Бахри пешгирии М. хифзи саломатии модар, хусусан дар давраи хомилаги ва муносибати эхтиёткорона ба таваллуд ахамияти калон дорад.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …