Главная / Маданият ва санъат / Муноҷоти Бисмили Рашнагӣ

Муноҷоти Бисмили Рашнагӣ

Ба борони иноят кишти ман сероб кун, ё Раб,
Ба фарқам оби раҳмат ҳамчунон селоб кун, ё Раб.
Замирамро, Каримо, як дам аз ёдат макун ғофил,
Зи файзи номи Худ хуршеди оламтоб кун, ё Раб.
Ба мифтоҳи иноят уқдаи дил боз кун, эй Ҳақ,
Ба рӯям боби раҳмат фотеҳулабвоб кун, ё Раб.
Ба мавҷи маъсият афтодаам ҳайрону саргардон,
Ба оби мағфират шӯ, ғарқаи гирдоб кун, ё Раб.
Сарамро то ба вақти марг андар саҷда кун моил,
Рухамро рӯ ба рӯйи қиблаву меҳроб кун, ё Раб.
Ҷавонӣ рафту мӯям шуд сафеду қоматам хам шуд,
Кунун бедор чашми ғафлатам аз хоб кун, ё Раб.
Рафиқам соз тарси Худ, ато фармо Ту тавфиқам,
Зи бими дузахат ду дидаам сероб кун, ё Раб.
Худовандо, ба лутфи Худ биҳишти адн ҷоям кун,
Насиби мо зи ҳури ҷаннату ҳар боб кун, ё Раб.
Шафоатхоҳи ман кун рӯзи маҳшар Аҳмади мурсал,
Ба дидорат мушарраф, хотирам шодоб кун, ё Раб.
Ба ҳаққи Ҳазрати Бӯбакри Сиддиқ афзали уммат,
Дар он ҳолат дучорам Умари Хаттоб кун, ё Раб.
Саввум Усмони Зиннурайну чорум Ҳайдари каррор,
Сари ман хоки пойи ҷумлаи асҳоб кун, ё Раб.
Ба ҳаққи ҳурмати номат мани лабташнаи Бисмил,
Зи ҳавзи Кавсарат кому дилам сероб кун, ё Раб.

Инчунин кобед

Хушбахт Ҳакимов

Ҳакимов Хушбахт – тарҷумаи ҳол, сурат, видео ва мусиқӣ MP3

Хушбахт Ҳакимов овозхон – сарояндаи тоҷик аст, ки таронаҳояшро дар бораи Ватан, Модар ва дар …