Главная / Маданият ва санъат / Муночоти Бисмили Рашнаги

Муночоти Бисмили Рашнаги

Ба борони иноят кишти ман сероб кун, ё Раб,
Ба фаркам оби рахмат хамчунон селоб кун, ё Раб.
Замирамро, Каримо, як дам аз ёдат макун гофил,
Зи файзи номи Худ хуршеди оламтоб кун, ё Раб.
Ба мифтохи иноят укдаи дил боз кун, эй Хак,
Ба руям боби рахмат фотехулабвоб кун, ё Раб.
Ба мавчи маъсият афтодаам хайрону саргардон,
Ба оби магфират шу, гаркаи гирдоб кун, ё Раб.
Сарамро то ба вакти марг андар сачда кун моил,
Рухамро ру ба руйи киблаву мехроб кун, ё Раб.
Чавони рафту муям шуд сафеду коматам хам шуд,
Кунун бедор чашми гафлатам аз хоб кун, ё Раб.
Рафикам соз тарси Худ, ато фармо Ту тавфикам,
Зи бими дузахат ду дидаам сероб кун, ё Раб.
Худовандо, ба лутфи Худ бихишти адн чоям кун,
Насиби мо зи хури чаннату хар боб кун, ё Раб.
Шафоатхохи ман кун рузи махшар Ахмади мурсал,
Ба дидорат мушарраф, хотирам шодоб кун, ё Раб.
Ба хакки Хазрати Бубакри Сиддик афзали уммат,
Дар он холат дучорам Умари Хаттоб кун, ё Раб.
Саввум Усмони Зиннурайну чорум Хайдари каррор,
Сари ман хоки пойи чумлаи асхоб кун, ё Раб.
Ба хакки хурмати номат мани лабташнаи Бисмил,
Зи хавзи Кавсарат кому дилам сероб кун, ё Раб.

Инчунин кобед

neft

Конун дар бораи нафту газ

Конуни Чумхури Tочикистон  “Дар бораи нафту газ” 18 марти соли 2015, №1190 кабул карда шудааст, …