Главная / Илм / МУҲАММАД ҲУСЕЙН ИБНИ МУҲАММАДИ ОҚИЛӣ

МУҲАММАД ҲУСЕЙН ИБНИ МУҲАММАДИ ОҚИЛӣ

nophotoМУҲАММАД ҲУСЕЙН ИБНИ МУҲАММАДИ ОҚИЛӣ, яке аз табибони машҳури а. 18. Дар Ҳиндустон дар оилаи табиб чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Ҳанӯз дар ҷавонӣ аз донишмандони шӯҳратёри замона гашта буд. Дар робита ба тиб асарҳои бисёр таълиф намудааст, ки «Қарободини Кабир» ва «Махзану-л-адвия» аз ҷумлаи онҳост. Аз сарчашмаҳо бармеояд, ки муаллиф ҳангоми навиштани китобҳо аз асарҳои форсӣ-тоҷикӣ, рисолаҳои олимони араб, Юнон, Ҳиндустон фаровон истифода бурдааст, чунончи «Ал-Қонун фи-т-тиб» ва «Адвияи қалбия»-и Ибни Сино, асарҳои Ибни Байтор, Довуди Антокӣ, Абӯрайҳони Берунӣ ва ғ.
Ад.: Ҳикмати асрҳо, Д., 1975, Исҳоқӣ Ю. Б., Я. Тоҷиев Я. Т.,, Таърихи мухтасари тибби тоҷик, Д., 1993.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …