Главная / Илм / МУҲАММАД БОҚИР

МУҲАММАД БОҚИР

nophotoМУҲАММАД БОҚИР, Ҳаким Сайидмуҳаммад Боқир (с. тав. ва ваф. номаълум), табиби форс-тоҷик. Ровиёни ахбор ӯро аз пайравони Абӯалӣ ибни Сино дар илми дорушиносӣ донистаанд. М. Б. дар дарбори Сулаймони Сафавӣ (1667 – 95) табибӣ карда, бо амри ӯ «Адвияи қалбия» («Доруҳои дил») ном асари худро ба форсӣ-тоҷикӣ навиштааст. Асари мазкур аз муқаддима, 14 боб ва хотима иборат буда, нусха (ретсепт), тайёр кардани доруҳои соддаю мураккаб, тавсифи тариқи муайян намудани мизоҷи беморон ва аҳамияти он дар муолиҷаро дарбар мегирад.

Т. Аҳмадов.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …