Главная / Ҷамъият / Андозаи алименте, ки барои кӯдакони ноболиғ тибқи тартиби судӣ ситонида мешавад

Андозаи алименте, ки барои кӯдакони ноболиғ тибқи тартиби судӣ ситонида мешавад

Моддаи 81-и Кодекси оила.  Андозаи  алименте, ки  барои  кӯдакони ноболиғ тибқи тартиби судӣ ситонида мешавад 

  1. Ҳангоми мавҷуд набудани созишнома дар хусуси пардохти алимент барои фарзандони ноболиғ суд аз падару модари онҳо ҳар моҳ ба андозаи зерин алимент мерӯёнанд барои як фарзанд чорьяк, барои ду фарзанд сеяк, барои се фарзанд ва зиёда аз он – нисфи музди меҳнат ва даромади дигари падару модар.
  2. Ҳаҷми ин саҳм бо назардошти вазъи моддӣ ва оилавии тарафҳо ва дигар ҳолатҳои қобили таваҷҷӯҳ аз ҷониби суд кам ё зиёд карда шуданаш мумкин аст.
  3. Агар кӯдакон таҳти таъминоти пурраи давлат ё ташкилоти ҷамъиятӣ қарор гирифта бошанд, суд ҳуқуқ дорад андозаи алиментро кам кунад ё аз пардохти он озод намояд. Маблағҳое, ки аз падару модар барои таъминоти кӯдакони дар муассисаҳои кӯдаконаи давлатӣ ҷойгиркардашуда пардохта мешаванд, дар ҳаҷми муқаррарнамудаи қисми якуми ҳамин модда ба ҳисобномаҳои шахсии тарбиятгирандагон дар бонкҳои амонатӣ гузаронида мешавад.

Инчунин кобед

laylatulqadr

Шаби қадр c 2023 ба шоми 17- ба 18-уми Апрел рост меояд

Шаби қадр, лайлатулқадр (ар. لَيْلَةُ الْقَدْر‎) — шаби муайяншавии тақдир, ғолибан шаби 27-уми моҳи Рамазон, ки беҳтарин шаб барои ибодат …