Моддаи 72-и Кодекси оила. Барқарор намудани ҳуқуқи падару модарӣ
- Ҳуқуқи падару модарӣ (яке аз онҳо) дар сурате барқарор шуда метавонад, ки агар рафтору кирдор, тарзи зиндагӣ ва муносибати онҳо нисбат ба тарбияи кӯдак ба тарафи мусбӣ тағйир ёфта бошад.
- Ҳуқуқи падару модарӣ ба тартиби судӣ дар асоси аризаи падар ё модари аз ҳуқуқи падару модарӣ маҳрумгардида, бо иштироки мақомоти васояту парасторӣ, инчунин прокурор барқарор карда мешавад.
- Ҳамзамон бо даъвои падару модар (яке аз онҳо) дар хусуси барқарор намудани ҳуқуқи падару модарӣ мумкин аст талаби баргардонидани кӯдак ба падару модар баррасӣ карда шавад.
- Суд метавонад бо назардошти фикри кӯдак даъвои падару модарро (яке аз онҳоро) барои барқароркунии ҳуқуқи падару модарӣ рад кунад, агар он хилофи манфиатҳои кӯдак бошад.
Барқарор намудани ҳуқуқи падару модарӣ нисбати кӯдаки ба синни даҳсолагӣ расида танҳо бо назардошти фикри ӯ мумкин аст.
Агар кӯдак фарзандхонд шуда бошад ва фарзандхондӣ беэътибор дониста нашуда бошад (моддаи 140 ҳамин Кодекс) барқарор намудани ҳуқуқи падару модарӣ мумкин нест.