Главная / Ҷамъият / Минтақаҳои истеҳсолӣ

Минтақаҳои истеҳсолӣ

Моддаи 34-и  Қарори шаҳрсозӣ. Минтақаҳои истеҳсолӣ

  1. Дар минтақаҳои истеҳсолӣ объектҳои саноатӣ, коммуналӣ, анборҳо, инфрасохторҳои объектҳои муҳандисӣ ва нақлиётӣ, ки барои таъмини фаъолияти онҳо зарур мебошанд, ҷойгир карда шуда, инчунин минтақаҳои санитарию муҳофизатии чунин объектҳо муқаррар карда мешаванд.
    2. Дар минтақаҳои санитарию муҳофизатии объектҳои саноатӣ, коммуналӣ ва анборҳо, ҷойгиронии хонаҳои истиқоматӣ, муассисаҳои таълимӣ, тандурустӣ, истироҳатӣ, варзишию солимгардонӣ, варзишӣ, ҷамъиятҳои боғу токпарварӣ ва сабзавоткорӣ, инчунин истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ иҷозат дода намешавад.
    3. Ободонии ҳудудҳои минтақаҳои истеҳсолӣ аз тарафи соҳибмулкони объектҳои дар ин минтақаҳо ҷойгиршуда амалӣ карда мешавад.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …