Моддаи 326-и Кодекси Меҳнат. Масъулияти кормандон барои корпартоиҳои ғайриқонунӣ
- Ташкили корпартоӣ, ки суд онро ғайриқонунӣ донистааст ё худ иштирок дар он ҳамчун вайрон кардани интизоми меҳнат эътироф гардида, боиси татбиқи чораҳои ҷазои интизомии пешбиникардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон шуда метавонад.
- Бо роҳи зўрӣ ё таҳдид ба корпартоӣ маҷбур кардани корманд манъ аст.
- Зарари ба соҳибмулк аз корпартоии ғайриқонунӣ расида, ки бо қарори коллективи меҳнатӣ гузаронида шудааст, аз ҳисоби ташкилот бо тариқи судӣ ҷуброн карда мешавад.
- Агар корпартоии ғайриқонунӣ бо ташаббуси иттифоқи касаба ё дигар намояндагони кормандон гузаронида шуда бошад, зарар аз ҳисоби иттифоқи касаба ё дигар намояндагони кормандон ҷуброн карда мешавад.
- Шахсоне, ки манфиати тарафҳоро муаррифӣ намуда, талаботи Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро риоя намекунанд, мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.