Моддаи 320-и Кодекси Андоз. Тартиби пўшонидани хароҷоти ҷуброншаванда
- Хароҷоти ҷуброншаванда аз ҳисоби маҳсулоти ҷубронӣ тибқи тартиби дар ҳамин модда муайянгардидабо дарназардошти хусусиятҳои дар созишнома оид ба тақсими маҳсулот муқарраргардида ба сармоягузор ҷуброн карда мешаванд.
- Пўшонидани хароҷоти ҷуброншавандаи сармоягузор аз ҳисоби маҳсулоти ҷубронӣ аз моҳи гирифтани маҳсулот сар карда, анҷом дода мешавад.
- Тақсими маҳсулоти фоиданок ё ҳаҷми (миқдори) умумии маҳсулоти истеҳсолшуда низ байни давлат ва сармоягузор мутобиқи шартҳои созишнома оид ба тақсими маҳсулот, ки байни онҳо баста шудааст, аз моҳи гирифтани маҳсулот оғоз мегардад.
- Барои мақсадҳои ҳамин боб хароҷоти ҷуброншаванда бояд аз ҳисоби ба сармоягузор додани маҳсулоти истеҳсолшуда ба миқдори на бештар аз маҳсулоти ҷубронӣ тибқи созишнома оид ба тақсими маҳсулот пўшонида шаванд.
- Бақияи хароҷоти ҷуброншавандае, ки дар охири давраи андоз пўшонида нашудааст, чунин муайян карда мешавад:
-хароҷоти ҷуброншавандае, ки дар аввали давраи андозӣ ба сармоягузор ҷуброн карда нашудааст;
-ҷамъи хароҷоти ҷуброншавандае, ки сармоягузор дар давоми давраи андозӣ анҷом додааст;
-тарҳи хароҷоти ҷуброншавандае, ки дар давраи андозӣ (барои давраи андозӣ) ба сармоягузор ҷуброн карда шудааст.