Моддаи 283-и Кодекси Меҳнат. Пеш аз муҳлат бекор кардани шартномаи меҳнатӣ бо ташаббуси роҳбари мақомоти иҷроияи шахси ҳуқуқӣ
Роҳбари мақомоти иҷроияи шахси ҳуқуқӣ ҳуқуқ дорад, на камтар аз ду моҳ пештар ба тариқи хаттӣ соҳибмулки шахси ҳуқуқӣ ё шахси (мақомоти) аз ҷониби шахси ҳуқуқӣ ваколатдоркардашуда ё мақомоти ваколатдори шахси ҳуқуқиро огоҳ карда, пеш аз муҳлат шартномаи меҳнатиро қатъ намояд.