Моддаи 266-и Кодекси Андоз. Меъёрҳои андоз
- Меъёрҳои андоз барои воситаҳои нақлиёт ва (ё) мошинҳо ва механизмҳои худгард барои як сол ба андозаи зерин муқаррар карда мешаванд (ба ҳисоби 1 қувваи аспи иқтидори муҳаррик):
Номи объектҳои андозбандӣ | Меъёри андоз бо фоиз нисбат ба нишондиҳанда барои ҳисобҳо |
Мотосикл ва мотороллерҳо | 2,5 |
Автомобилҳои сабукрав:
– то 250 қувваи асп – аз 250 то 300 қувваи асп – аз 300 то 350 қувваи асп – зиёда аз 350 қувваи асп |
7,5 10 12 15 |
Автобусҳо (то 12 ҷой) | 7,5 |
Автобусҳо ( барои 13-30 ҷой) | 8,5 |
Автобусҳо (зиёда аз 30 ҷой) | 9,5 |
Автомобилҳои боркаш ва дигар воситаҳои нақлиёти иқтидори борбардориашон то 10 тонна | 11 |
Автомобилҳои боркаш (иқтидори борбардориашон аз 10 то 20 тонна) | 12,5 |
Автомобилҳои боркаш (иқтидори борбардориашон аз 20 то 40 тонна) | 13,5 |
Автомобилҳои боркаш (иқтидори борбардориашон зиёда аз 40 тонна) | 14,5 |
Тракторҳо, воситахои нақлиёти муҳаррикдор барои сохтмон, ба истиснои дар соҳаи кишоварзӣ истифодашаванда | 2 |
Заврақҳо, киштиҳо ва дигар воситаҳои нақлиёти худгарди шинокунанда | 15 |
Локомотивҳои дар роҳи оҳан истифодашаванда | 1 |
(ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1367)
- Меъёрҳои андоз аз рўи намудҳои воситаҳои нақлиёт, мошин ва механизмҳоихудгард ҳарсола то 1 феврали соли тақвимӣ дар сомонаи электронии мақоми ваколатдори давлатӣ ҷойгир карда мешаванд.