Моддаи 262-и Кодекси Андоз. Муқаррароти умумӣ
- Маҷлисҳои вакилони халқи шаҳр (ноҳия) дар ҳудуди худ андозҳои маҳаллиро, ки дар моддаи 6 Кодекси мазкур пешбинӣ шудаанд, муқаррар менамоянд.
- Нисбат ба андозҳои маҳаллӣ муқаррароти қисми умумии Кодекси мазкур татбиқ мегарданд.
- Қарорҳои Маҷлисҳои вакилони халқи шаҳр (ноҳия)оид ба андозҳои маҳаллӣ бояд ба муқаррароти Кодекси мазкур мутобиқат намоянд ва дар нашрияҳои даврии дастраси омма дар қаламрави дахлдор расман интишор карда шаванд.