Главная / Ҷамъият / Ҳисоби вақти корӣ ва вақти дамгирӣ ҳангоми кор бо усули вахтавӣ

Ҳисоби вақти корӣ ва вақти дамгирӣ ҳангоми кор бо усули вахтавӣ

Моддаи 246-и Кодекси Меҳнат. Ҳисоби вақти корӣ ва вақти дамгирӣ ҳангоми кор бо усули вахтавӣ

  1. Ҳангоми кор бо усули вахтавӣ маҷмўи вақти корӣ ба муддати як моҳ, се моҳ ё вақти зиёдтар, вале на зиёдтар аз як сол муқаррар карда мешавад.
  2. Давраи ҳисоб вақти корӣ, вақти дамгирӣ, вақти дар роҳ то макони корфармо ва ё аз нуқтаи ҷамъшавии кормандон то ҷойи кор ва баргашта оварданро дар бар мегирад. Ҳамзамон маҷмўи давомнокии вақти кор барои давраи ҳисоботӣ набояд аз меъёри муқаррарнамудаи Кодекси мазкур зиёд бошад.
  3. Қисман додани рухсатии ҳарсолаи пардохтшаванда дар давоми истироҳати байнивахтавӣ иҷозат дода намешавад.
  4. Корфармо уҳдадор аст, ки ҳисоби вақти кор ва вақти дамгирии кормандеро, ки бо усули вахтавӣ кор мекунад, ҳар моҳ, алоҳида ва дар давоми тамоми давраи ҳисоботӣ ба роҳ монад.
  5. Барои иҷрои корҳои вахтавӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иловапулӣ пардохт карда мешавад.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …