Главная / Ҷамъият / Иҷрои қарори бо роҳи маъмурӣ аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон берун кардани шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд

Иҷрои қарори бо роҳи маъмурӣ аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон берун кардани шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд

Моддаи 239-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ. Иҷрои қарори бо роҳи маъмурӣ аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон берун кардани шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд

(ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1476) 

Қарори бо роҳи маъмурӣ аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон берун кардани шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд аз тарафи мақомоти зерин иҷро карда мешавад:  (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1476)

– мақомоти ҳифзи сарҳад ҳангоми содир кардани ҳуқуқвайронкунии маъмурие, ки низоми Сарҳади давлатӣ ё низоми нуқтаҳои гузаргоҳии Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро риоя  накардаанд;

– мақомоти корҳои дохилӣ ҳангоми содир кардани ҳуқуқвайронкунии маъмурие, ки низоми будубош (сукунат) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ё қоидаҳои муҳоҷиратро риоя накардаанд.

Инчунин кобед

laylatulqadr

Шаби қадр c 2023 ба шоми 17- ба 18-уми Апрел рост меояд

Шаби қадр, лайлатулқадр (ар. لَيْلَةُ الْقَدْر‎) — шаби муайяншавии тақдир, ғолибан шаби 27-уми моҳи Рамазон, ки беҳтарин шаб барои ибодат …