Главная / Ҷамъият / Иҷрои қарори мусодираи ашёе, ки олоти содир кардани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ё объекти бевоситаи он мебошад

Иҷрои қарори мусодираи ашёе, ки олоти содир кардани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ё объекти бевоситаи он мебошад

Моддаи 238-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ. Иҷрои қарори мусодираи ашёе, ки олоти содир кардани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ё объекти бевоситаи он мебошад 

  1. Қарори судя дар бораи мусодираи ашёе, ки олоти содир кардани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ё объекти бевоситаи он мебошад, тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарор дар бораи мусодираи cилоҳ, тир, лавозимоти ҷангӣ, воситаҳои нашъадор ва моддаҳои психотропӣ бошад, аз тарафи мақомоти корҳои дохилӣ иҷро карда мешавад.
  2. Нусхаҳои мусодирагардидаи асарҳо ва фонограммаҳо, маводу таҷҳизоти барои иҷрои онҳо истифодашаванда ва дигар олоти содиркунии ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тибқи тартиби пешбининамудаи Кодекси мазкур бояд нобуд карда шаванд, ба истиснои ҳолатҳои супоридани нусхаҳои мусодирагардидаи асарҳо ё фонограммаҳо дар асоси хоҳиши шахсе, ки дорандаи ҳуқуқҳои муаллифӣ ё ҳуқуқҳои вобаста ба он мебошад.

Дар борамон Meg S

meg-93@inbox.ru

Инчунин кобед

belorus

Вазорати корҳои дохилии Беларус эътирозгаронро бо силоҳи низомӣ таҳдид кард

Вазорати умури дохилаи Беларус таҳдид кардааст, ки алайҳи тазоҳуркунандагон силоҳи низомӣ истифода хоҳад кард, то …