Моддаи 23-и Қарори шаҳрсозӣ. Фармоишгарони фаъолияти шаҳрсозӣ, ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои онҳо
- Фармоишгарони фаъолияти шаҳрсозӣ метавонанд мақомоти давлатӣ, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ бошанд.
2. Фармоишгарони фаъолияти шаҳрсозӣ ҳуқуқ доранд:
– таҳиягарони ҳуҷҷатҳои шаҳрсозиро бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намоянд ва барои таҳияи онҳо шартнома банданд;
– пудратчиёни сохтмони объектҳоро интихоб намоянд ва бо онҳо шартнома банданд;
– тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти дигарро амалӣ намоянд.
3. Фармоишгарони фаъолияти шаҳрсозӣ ӯҳдадоранд:
– қонунгузории соҳаи шаҳрсозиро риоя намоянд;
– экспертизаи лоиҳаҳои ҳуҷҷатҳои шаҳрсозиро, ба истиснои ҳуҷҷатҳое, ки тибқи моддаи 64 Кодекси мазкур аз экспертиза гузаронидани онҳо ҳатмӣ нест, бо тартиби муқарраргардида таъмин намоянд;
– ҷараёни лоиҳакашӣ ва назорати техникии сифати сохтмонро назорат кунанд;
– иҷрои назорати муаллифиро ҳангоми татбиқ намудани ҳуҷҷатҳои шаҳрсозӣ таъмин намоянд;
– тайёрии саривақтии ҳуҷҷатҳои ибтидоию иҷозатдиҳӣ ва тасдиқи ҳуҷҷатҳои шаҳрсозиро таъмин намоянд.
4. Фармоишгарони фаъолияти шаҳрсозӣ метавонанд мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои дигар ҳуқуқу ӯҳдадориҳо бошанд.