Главная / Ҷамъият / Нигоҳ доштани минтақаҳои ҳифзи об дар ҳолати мусоид

Нигоҳ доштани минтақаҳои ҳифзи об дар ҳолати мусоид

Моддаи 22-и Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон. Нигоҳ доштани минтақаҳои ҳифзи об дар ҳолати мусоид

Дар ҳолати мусоид нигоҳ доштани минтақаҳои ҳифзи об бо риояи низоми истифодаи ҳудуди онҳо ба зиммаи роҳбарони иттиҳодияҳо, ташкилоту  хоҷагиҳо, сарфи назар аз шакли моликият ва тобеият, инчунин ба шаҳрвандоне, ки заминҳои корами дар ҳудуди минтақаҳои ҳифзи об ҷойгирифта дар истифодаи онҳо қарор доранд, гузошта мешавад. Дар минтақаҳои ҳифзи об истифодаи моддаҳои кимиёвӣ, иҷрои корҳо ва ҷойгир кардани объектҳое, ки  ба ҳолати об таъсири зараровар мерасонанд, манъ карда мешавад.

Инчунин кобед

laylatulqadr

Шаби қадр c 2023 ба шоми 17- ба 18-уми Апрел рост меояд

Шаби қадр, лайлатулқадр (ар. لَيْلَةُ الْقَدْر‎) — шаби муайяншавии тақдир, ғолибан шаби 27-уми моҳи Рамазон, ки беҳтарин шаб барои ибодат …