Главная / Ҷамъият / Тартиби иҷрои корҳо дар объектҳои об ва дар минтақаҳои наздисоҳилии ҳифзи об

Тартиби иҷрои корҳо дар объектҳои об ва дар минтақаҳои наздисоҳилии ҳифзи об

Моддаи 19-и Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон. Тартиби иҷрои корҳо дар объектҳои об ва дар минтақаҳои наздисоҳилии ҳифзи об

Корҳои сохтмонӣ, чуқуркунии қаъри маҷрои об ва корҳои таркишӣ, истихроҷи маводи ғайримаъданӣ, кашидани кабелҳо, хати қубурҳо ва дигар коммуникатсияҳо, буридани ҷангал, ҷамъоварии растаниҳои обӣ, корҳои пармакунӣ, кишоварзӣ ва дигар корҳо дар объектҳои об ё дар минтақаҳои ҳифзи оби наздисоҳилии обанборҳо, ки ба ҳолати об таъсир мерасонанд, бо мувофиқати мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба танзими истифода ва ҳифзи заҳираҳои об, мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо ва дигар мақомот мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба амал бароварда мешаванд. (ҚҶТ аз 16.04.2012с., №821)

Инчунин кобед

bophotos-101660-2

ИДИ РАМАЗОН 22 Апрели 2023 таҷлил мешавад

Мувофиқи ҳисоби илмӣ рўзи Иди саиди Фитр Рамазон дар Точикистон ба рўзи 22-уми апрели 2023 рост меояд. Мувофиқи ҳисоби илмӣ Иди саиди Рамазон …