Главная / Ҷамъият / Ҳолатҳои баргардонидани ҷубронҳо ҳангоми ба маҳалли дигар ба кор омадан

Ҳолатҳои баргардонидани ҷубронҳо ҳангоми ба маҳалли дигар ба кор омадан

Моддаи 181-и Кодекси Меҳнат. Ҳолатҳои баргардонидани ҷубронҳо ҳангоми ба маҳалли дигар ба кор омадан

1.Ҷубронҳое, ки пардохти онҳо дар моддаҳои 179 ва 180 Кодекси мазкур пешбинӣ шудаанд, мақсаднок буда, масъулиятро барои онҳо корфармое, ки корманд ба ў ба кор гузаронида, равона ё қабул карда мешавад, ба зимма дорад.

  1. Ҷубронҳое, ки бо мақсади ба маҳалли дигар ба кор омадан пардохт карда шудаанд, бояд ба корфармо, ки онҳоро маблағгузорӣ кардааст, пурра баргардонида шаванд, агар корманд:

– ба кор наояд ё ба он бе сабаби узрнок шуруъ накунад;

– то тамомшавии муҳлати кор, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шартномаи меҳнатӣ пешбинӣ намудаанд ё шартҳои гузаронидан, равон ё қабул намудан ба кор пешбинӣ кардаанд, ҳангоми мавҷуд набудани муҳлати муайян бошад – то пур шудани як соли кор бо хоҳиши худ бе сабаби узрнок ё барои амалҳои гунаҳгорона озод шуда бошад, ки онҳо мувофиқи Кодекси мазкур ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои қатъ гардидани шартномаи меҳнатӣ асос шудаанд.

  1. Ҳангоми ба кор наомадан ё аз кор бо сабабҳои узрнок саркашӣ намудан корманд уҳдадор аст маблағҳои гирифтаашро, ғайр аз хароҷоти роҳкиро баргардонад.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …