Главная / Ҷамъият / Забони пешбурди мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ

Забони пешбурди мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ

Моддаи 18-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ. Забони пешбурди мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ

  1. Пешбурди мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ба забони давлатӣ баргузор мегардад.
  2. Иштирокчиёни мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, ки забони мурофиаро намедонанд, ҳуқуқи ба забони модариашон ё забони дигаре, ки онро медонанд, арз кардан, баёнот додан, изҳори дархост кардан, шинос шудан бо маводи парвандаро дошта, бо тартиби муайяннамудаи Кодекси мазкур ба онҳо хизматрасонии тарҷумон таъмин карда мешавад.
  3. Ҳуҷҷатҳои мурофиавӣ, ки мутобиқи Кодекси мазкур ба иштирокчиёни мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ аз ҷониби суд, мақомоти ваколатдори давлатӣ (шахсони мансабдор), ки ин ҳуҷҷатҳоро таҳия намудаанд, дода мешаванд, ба таври дахлдор тасдиқ карда шуда, бояд ба забоне, ки онҳо медонанд, тарҷума шуда бошанд.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …