Моддаи 18-и Кодекси хукуквайронкунии маъмури. Забони пешбурди мурофиаи хукуквайронкунии маъмури
- Пешбурди мурофиаи хукуквайронкунии маъмури ба забони давлати баргузор мегардад.
- Иштирокчиёни мурофиаи хукуквайронкунии маъмури, ки забони мурофиаро намедонанд, хукуки ба забони модариашон ё забони дигаре, ки онро медонанд, арз кардан, баёнот додан, изхори дархост кардан, шинос шудан бо маводи парвандаро дошта, бо тартиби муайяннамудаи Кодекси мазкур ба онхо хизматрасонии тарчумон таъмин карда мешавад.
- Хуччатхои мурофиави, ки мутобики Кодекси мазкур ба иштирокчиёни мурофиаи хукуквайронкунии маъмури аз чониби суд, макомоти ваколатдори давлати (шахсони мансабдор), ки ин хуччатхоро тахия намудаанд, дода мешаванд, ба таври дахлдор тасдик карда шуда, бояд ба забоне, ки онхо медонанд, тарчума шуда бошанд.