Главная / Ҷамъият / Аз нав баррасӣ кардани қарори мақомоти ваколатдори давлатӣ (шахсони мансабдор) оид ба шикоят ва эътироз

Аз нав баррасӣ кардани қарори мақомоти ваколатдори давлатӣ (шахсони мансабдор) оид ба шикоят ва эътироз

Моддаи 159-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ. Аз нав баррасӣ кардани қарори мақомоти ваколатдори давлатӣ (шахсони мансабдор) оид ба шикоят ва эътироз 

  1. Аз хусуси қарори оид ба парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ қабулкардаи мақомоти ваколатдори давлатӣ (шахсони мансабдор) ё аз хусуси қарори аз рӯйи шикоят ва эътироз аз болои ин қарор қабулкардаи мақомоти ваколатдори давлатии (шахсони мансабдори) болоӣ ба суди маҳали баррасии парванда шикоят кардан ва эътироз овардан мумкин аст.
  2. Шикоят ва эътироз аз хусуси қарори қабулнамудаи судя вобаста ба парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ё аз хусуси қарори судя аз рӯйи шикоят ва эътироз аз хусуси ин қарор ба суди болоӣ оварда мешаванд.
  3. Минбаъд шикоят ва эътироз аз болои қарор оид ба парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тибқи тартиб ва мӯҳлатҳои муқаррарнамудаи Кодекси мазкур оварда мешаванд.
  4. Нусхаи қарор дар мӯҳлати се шабонарӯзи баъди қабули он ба шахсони дар моддаҳои 26-30 ва 36 Кодекси мазкур пешбинишуда фиристода мешавад.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …