Главная / Ҷамъият / Эътироф накардани фоида ё зарар

Эътироф накардани фоида ё зарар

Моддаи 154-и Кодекси Андоз. Эътироф накардани фоида ё зарар

  1. Дар ҳолатҳои зайл ҳеҷ гуна фоида ё зарар ҳангоми муайян кардани даромади (фоидаи) андозбандишаванда ба эътибор гирифта намешавад:

-доду гирифти дороиҳо байни зану шавҳар;

-доду гирифти дороиҳо байни собиқ ҳамсарон ҳангоми бекор кардани ақди никоҳ;

-нохост нобуд кардани дороӣ ё бегона кардани он бо сармоягузории такрории воридот (масалан, ҷубронпулии суғуртавии гирифташуда ҳангоми нохост нобуд сохтани дороӣ) ба дороии шабеҳи он ё дар дороии дорои ҳамон хусусият то ба охир расидани соли дуюми баъди соле, ки дороӣ нобуд ё бегона карда шудааст.

  1. Арзиши дороии ивазшаванда, ки дар сархати сеюми қисми 1 ҳамин моддапешбинӣ шудааст, бо дарназардошти (дар сатҳи) арзиши дороии ивазкардашуда дар лаҳзаи нобуд ё бегона кардани он ба афзоиши арзиши дороии ивазшаванда ба фарқи мусбии байни хароҷоти андозсупоранда барои сармоягузории такрорӣ ва бузургии воридот мутобиқи сархати сеюми қисми 1 ҳамин модда муайян карда мешавад.
  2. Арзиши дороии дар натиҷаи аҳд (шартнома) бадастомада, ки ҳангоми он фоида мувофиқи сархатҳои якум ва дуюми қисми 1 ҳамин модда барои мақсадҳои андозбандӣ ба ҳисоб гирифта намешавад, аз арзиши дороӣ барои тарафи супорандаи он дар санаи аҳд иборат мебошад.
  3. Ҳамин модданисбат бадороиҳое, ки аз рўи гурўҳҳо истеҳлок мешаванд, татбиқ намегардад, ба истиснои сархатҳои якум ва дуюми қисми 1 ҳамин модда, ки онҳо ҳангоме татбиқ мегарданд, ки ҳамаи дороиҳои гурўҳ дар як вақт дода шаванд.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …