Моддаи 150-и Кодекси Андоз. Баҳисобгирӣ ҳангоми иҷораи молиявӣ (лизинг)
- Дар ҳолатҳое, ки иҷорадеҳ то оғози иҷораи молиявӣ (лизинг) соҳиби молу мулки моддии истеҳлокшаванда мебошад, аҳд ҳамчун фурўши молу мулк аз тарафи иҷорадеҳ ва харидани он аз ҷониби иҷорагир дониста мешавад.
- Молу мулки моддии истеҳлокшавандае, ки тибқи шартномаи иҷораи молиявӣ (лизинг) ба иҷора дода мешаванд, дар давраи амали шартномаи иҷораи молиявӣ (лизинг) бояд дар тавозуни иҷорагир ба ҳисоб гирифта шаванд, ки ин ба иҷорагир (лизинггиранда) ҳуқуқ медиҳад тарҳҳоро вобаста ба мавзўи лизинг (аз ҷумла истеҳлок ва хароҷоти таъмир) амалӣ намояд.