Главная / Ҷамъият / Пешниҳод дар бораи бартараф кардани сабаб ва шароитҳое, ки ба содир шудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ мусоидат намудаанд

Пешниҳод дар бораи бартараф кардани сабаб ва шароитҳое, ки ба содир шудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ мусоидат намудаанд

Моддаи 145-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ. Пешниҳод дар бораи бартараф кардани сабаб ва шароитҳое, ки ба содир шудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ мусоидат намудаанд 

  1. Судя, мақоми ваколатдори давлатӣ (шахси мансабдор), ки парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмуриро баррасӣ кардаанд, ҳангоми муқаррар кардани сабаб ва шароитҳое, ки ба содир шудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ мусоидат намудаанд, ба ташкилотҳои дахлдор ва шахсони мансабдори ваколатдор барои бартараф кардани сабаб ва шароитҳои ба содиршавии ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ мусоидаткунанда пешниҳод ирсол менамоянд.
  2. Ташкилотҳо ва шахсони мансабдори ваколатдор ӯҳдадоранд, ки пешниҳодро баррасӣ намуда, дар бораи бартараф кардани сабабу шароитҳои ба содиршавии ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ мусоидаткунанда дар мӯҳлати як моҳи баъди гирифтани пешниҳод доир ба чораҳои андешидашуда ба судя, мақоми ваколатдори давлатӣ (шахси мансабдор) ҷавоб ирсол намоянд.
  3. Агар ҳангоми баррасии судии парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ муқаррар карда шавад, ки зимни барасмиятдарорӣ, тафтишоти маъмурӣ ва баррасии он муқаррароти ҳамин Кодекс ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон риоя нашудаанд, судя ҳуқуқ дорад нисбат ба онҳое, ки ба камбудӣ роҳ додаанд, таъиноти хусусӣ ирсол намояд.

Дар борамон Meg S

meg-93@inbox.ru

Инчунин кобед

belorus

Вазорати корҳои дохилии Беларус эътирозгаронро бо силоҳи низомӣ таҳдид кард

Вазорати умури дохилаи Беларус таҳдид кардааст, ки алайҳи тазоҳуркунандагон силоҳи низомӣ истифода хоҳад кард, то …