Главная / Ҷамъият / Протоколи баррасии парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ

Протоколи баррасии парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ

Моддаи 138-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ. Протоколи баррасии парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ

  1. Оид ба баррасии парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҳатман протокол тартиб дода мешавад.
  2. Дар протоколи баррасии парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ нишон дода мешаванд:

– вақт ва маҳали баррасии парванда;

– вазифа, насаб, ном ва номи падари судя ва котиби маҷлиси суд ё шахси мансабдори ваколатдори баррасикунандаи парванда;

– ҳодисаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии баррасишаванда;

– маълумот дар бораи ба мурофиа ҳозир шудани шахсони иштирокчии баррасии парванда ва дар бораи огоҳ кардани шахсони ғоиб бо тартиби муқарраргардида;

– радкуниҳо, дархостҳо ва натиҷаи баррасии онҳо;

– баёнот, гувоҳӣ, шарҳ ва хулосаи шахсони дахлдори иштирокчии баррасии парванда;

– ҳуҷҷатҳое, ки зимни баррасии парванда тадқиқ карда шудаанд.

  1. Ба протоколи баррасии парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ раисикунанда ва котиби маҷлиси суд, шахси мансабдори мақомоти ваколатдори давлатӣ имзо мегузоранд.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …