Главная / Ҷамъият / Мақомоти гумрук

Мақомоти гумрук

Моддаи 130-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ. Мақомоти гумрук 

  1. Мақомоти гумрук дар доираи ваколатҳои худ парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмуриеро, ки дар моддаҳои 570-576, 578 қисмҳои 3 ва 4, 580-584, 585 қисми 2, 586-591, 593 қисми 2, 594 қисми 2, 595 қисми 2 ва 598 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ гардидаанд, баррасӣ менамоянд.
  2. Барои баррасии парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва таъини ҷазои маъмурӣ аз номи мақомоти гумрук роҳбари мақоми ваколатдор оид ба  масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ ва муовинони ӯ,  сардори Раёсати ташкили мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукӣ, сардори Раёсати минтақавии гумрукӣ, гумрук, дидбонгоҳи гумрукӣ ва муовинони онҳо ҳуқуқ доранд.

Инчунин кобед

gulbam

100 Шеъри беҳтарини гулбазмӣ

Гул чу рӯи меҳри ховар равшан аст, Миҷмари дилро намояд пуршарар. Ҳар касе гулро агар …