Главная / Ҷамъият / Мақомоти таъминкунандаи ҳифзи ҳуҷҷатҳои Фонди бойгонии миллӣ
Мақомоти таъминкунандаи ҳифзи ҳуҷҷатҳои Фонди бойгонии миллӣ
18.04.2018
90 Показы
Моддаи 125-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ. Мақомоти таъминкунандаи ҳифзи ҳуҷҷатҳои Фонди бойгонии миллӣ

- Мақомоти таъминкунандаи ҳифзи ҳуҷҷатҳои Фонди бойгонии миллӣ дар доираи ваколатҳои худ парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмуриеро, ки дар моддаҳои 522-525 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ гардидаанд, баррасӣ менамоянд.
- Барои баррасии парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва таъини ҷазои маъмурӣ аз номи мақомоти таъминкунандаи ҳифзи ҳуҷҷатҳои Фонди бойгонии миллӣ сардори Саридораи бойгонии миллӣ ва роҳбарони сохторҳои он дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва минтақаҳо ҳуқуқ доранд.
Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ 2018-04-18
Tags Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ
Инчунин кобед
Гул чу рӯи меҳри ховар равшан аст, Миҷмари дилро намояд пуршарар. Ҳар касе гулро агар …