Моддаи 124-и Кодекси Меҳнат. Мазмуни шартномаи таҳсил
- Шартномаи таҳсил бояд дар бар гирад:
– сана ва маҳалли тартиб додани шартнома;
– тарафҳои шартнома;
– номи ташкилоте, ки корманд кор мекунад, насаб, ном ва номи падари корфармо ё шахси ваколатдорнамудаи он, ваколатнома, номи муассисаи таълимӣ, насаб, ном ва номи падари роҳбари он, насаб, ном ва номи падари корманд (таҷрибаомўз, донишҷў), агар шартнома сетарафа бошад;
– номи ташкилот, ҷойи кори корманд, насаб, ном ва номи падари кордиҳанда ё шахси ваколатдори ў, ваколатнома, насаб, ном ва номи падари корманд (таҷрибаомўз, донишҷў);
– мавзуи шартнома;
– маълумот дар бораи таҳсили музднок ва ройгон, шакли таҳсил, касби мушаххас, дараҷаи ихтисоси таҳсилот, ки таҳсилкунанда мегирад;
– ҳуқуқ ва уҳдадориҳои корфармо ва таҳсилкунанда;
– муҳлати таҳсил ва муҳлати кори иловагӣ барои корфармо баъд аз хатми таҳсил;
– кафолат ва ҷубронпулӣ, ки ба таҳсил алоқаманд мебошанд;
– ҳолатҳои ғайричашмдошт (форс – мажорӣ);
– шартҳои махсус;
– тартиби баррасии баҳсҳо;
– муҳлати амал ва тартиби бекор намудани шартнома;
– суроғаи тарафҳо.
- Шартномаи таҳсил метавонад дигар шартҳоеро, ки бо созиши тарафҳо муайян карда мешаванд, дар бар гирад.