Главная / Ҷамъият / Мақомоти омор

Мақомоти омор

Моддаи 123-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ. Мақомоти омор

  1. Мақомоти омор дар доираи ваколатҳои худ парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмуриеро, ки дар моддаҳои 515 ва 516  Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ гардидаанд, баррасӣ менамоянд.
  2. Барои баррасии парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва таъини ҷазои маъмурӣ аз номи мақомоти омор инҳо ҳуқуқ доранд:

– директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якум ва муовинони ӯ, сардорони сарраёсатҳо ва муовинони онҳо дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, сардорони раёсат, шӯъба ва бахшҳои шаҳрҳо ва ноҳияҳо оид ба ҳуқуқвайронкунии маъмурие, ки дар моддаи 515 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд;

– директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якум ва муовинони ӯ, сардорони сарраёсатҳо ва муовинони онҳо дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе оид ба ҳуқуқвайронкунии маъмурие, ки дар моддаи 516 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд.  (ЌЉТ аз 8.08.15с., № 1223)

Инчунин кобед

laylatulqadr

Шаби қадр c 2023 ба шоми 17- ба 18-уми Апрел рост меояд

Шаби қадр, лайлатулқадр (ар. لَيْلَةُ الْقَدْر‎) — шаби муайяншавии тақдир, ғолибан шаби 27-уми моҳи Рамазон, ки беҳтарин шаб барои ибодат …