Главная / Ҷамъият / Шахсони мутақобилан вобаста ки аст?

Шахсони мутақобилан вобаста ки аст?

Моддаи 14-и кодекси Андоз оиди “Шахсони мутақобилан вобаста”

  1. Шахсони мутақобилан вобаста шахсоне мебошанд, ки муносибатҳои байни онҳо метавонанд ба шароит ва натиҷаи иқтисодии фаъолияти байни онҳо ё фаъолияти шахсоне, ки онҳоро намояндагӣ менамоянд, таъсир расонанд, аз ҷумла дар ҳолатҳое, ки:

– шахсон муассисони (иштирокчиёни) ҳамон як корхона бошанд, агар ҳиссаи ҳар яки онҳо на камтар аз 20 фоизро ташкил намояд;

– як шахс мустақим ва (ё) ғайримустақим дар шахси дигар иштирок намояд ва ҳиссаи умумии чунин иштирок зиёда аз 20 фоизро ташкил диҳад;

– як шахс ба шахси дигар мувофиқи вазъи вазифавӣ тобеъ бошад ё як шахс таҳти назорати (мустақим ё ғайримустақими) шахси дигар қарор гирифта бошад;

– шахсон таҳти назорати мустақим ё ғайримустақими шахси сеюм қарор дошта бошанд;

– шахсон мустақиман ё ғайримустақиман шахси сеюмро назорат кунанд, агар ҳуқуқи овози ҳар кадоми онҳо на камтар аз 20 фоизро ташкил диҳад;

– шахсон бо ҳамдигар дар қайди никоҳ бошанд ё муносибатҳои хешовандӣ дошта бошанд.

  1. Суд метавонад бо дигар асосҳое, ки дар қисми 1 ҳамин моддапешбинӣ нашудаанд, шахсонро мутақобилан вобаста эътироф намояд, агар муносибатҳои миёни ин шахсон ба натиҷаҳои аҳдҳо оид ба таҳвили (фурўши) молҳо (иҷрои корҳо, хизматрасонӣ) таъсир расонида тавонанд.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …