Главная / Илм / МИЛЗАНӣ

МИЛЗАНӣ

milМИЛЗАНӣ, бо мақсади ташхис ва муолиҷа ба ҷавфи узвҳои найчашакл, роҳи носур, римхона ва ғ. ворид сохтани мил (зонд).
Барои муайян кардани чуқурӣ ва самти роҳи носур, ҷайбҳои римхона, ошкор намудани ҷисмҳои бегона ва санг милҳои пластмассӣ ё филизиро кор мефармоянд. Милҳои филизӣ ё пластмассии қутрашон гуногунро баъзан бо мақсади фаррох сохтани сӯрохи носур ё фазои танги ягон узв истифода мекунанд (ниг. Бужзанӣ). Бо милҳои дарунхолӣ ҷавфи аъзоро мешӯянд ё мӯҳтавои он (мас., шираи меъда)-ро мегиранд (барои таҳқиқ), ба узв дору ё моддаҳои рентгеноконтрастӣ равон месозанд.
М.-ро фақат духтур ба амал меорад. Дар сурати ноӯҳдабароёна ва беэҳтиёт М. кардан, девораи узв осеб меёбад. М.-и захмҳои нав ҷоиз нест, зеро дар ин ҳолат ангезандаи беморӣ аз сатҳи захм мумкин ба қабатҳои поёнии он гузаранд.
Ниг. низ Милзании дувоздаҳа, Милзании меъда.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …