МИЕЛОМА (Myeloma), бемории омосии бадфарҷом. Ҳангоми М. ҳуҷайраҳои плазмавӣ (миеломавӣ) ба мағзи устухон реша ронда, бофтаи онро табоҳ мегардонанд, фаъолияти хунофариро фурӯ менишонанд.
Маҳсули фаъолияти ҳаётии ҳуҷайраҳои миеломавӣ парапротеин – сафеда аз гурӯҳи иммуноглобулинҳо – мебошад. Ба пайдоиши М. тамоюли ирсӣ ва таъсири омилҳои гуногуни омософар ба организм мусоидат мекунанд.
Аломатҳои болинии М.: дарди устухонҳо (оссалгия), манбаъҳои сершумори табоҳат дар устухони ҷумҷума, қабурғаҳо, кос, сутунмӯҳра. Манбаъҳои табоҳат (деструксия) дар устухонҳои найчашакл низ ба вуҷуд меоянд. Ҳангоми тадқиқи таркиби мағзи устухон то 90% ҳуҷайраҳои миеломавӣ ба мушоҳида мерасанд. Таҳлили хун якбора афзудани СОЭ (то 50 – 80 мм/с)-ро нишон медиҳад.
М.-ро дар беморхона муолиҷа мекунанд. Пешомади беморӣ ҷиддӣ аст.
Tags Тиб
Инчунин кобед
Манораи Эйфил дар ш. Душанбе – пойтахтиТоҷикистон
Солҳои охир сохтмони “Матораи Эйфел” дар Тоҷикистон мӯд шудааст ва аз маъмултаринаш манораи Эйфел дар …