МИЕЛОМА (Myeloma), бемории омосии бадфарчом. Хангоми М. хучайрахои плазмави (миеломави) ба магзи устухон реша ронда, бофтаи онро табох мегардонанд, фаъолияти хунофариро фуру менишонанд.
Махсули фаъолияти хаётии хучайрахои миеломави парапротеин – сафеда аз гурухи иммуноглобулинхо – мебошад. Ба пайдоиши М. тамоюли ирси ва таъсири омилхои гуногуни омософар ба организм мусоидат мекунанд.
Аломатхои болинии М.: дарди устухонхо (оссалгия), манбаъхои сершумори табохат дар устухони чумчума, кабургахо, кос, сутунмухра. Манбаъхои табохат (деструксия) дар устухонхои найчашакл низ ба вучуд меоянд. Хангоми тадкики таркиби магзи устухон то 90% хучайрахои миеломави ба мушохида мерасанд. Тахлили хун якбора афзудани СОЭ (то 50 – 80 мм/с)-ро нишон медихад.
М.-ро дар беморхона муолича мекунанд. Пешомади бемори чидди аст.
Инчунин кобед
Манораи Эйфил дар ш. Душанбе – пойтахтиТочикистон
Солхои охир сохтмони “Матораи Эйфел” дар Точикистон муд шудааст ва аз маъмултаринаш манораи Эйфел дар …