Главная / Гуногун / МЕВАБАХШИИ ДАРАХТОНИ БОҒИСТОНИ ҶЎДУ КАРАМ ВА ШУКУФАРЕЗИАШОН БА БАЗЛИ ДИНОРУ ДИРАМ

МЕВАБАХШИИ ДАРАХТОНИ БОҒИСТОНИ ҶЎДУ КАРАМ ВА ШУКУФАРЕЗИАШОН БА БАЗЛИ ДИНОРУ ДИРАМ

Ф о и д а

Ҷуд—бахшидани чизест, боистӣ бе мулоҳазаи ғаразеву мутолабаи авазе, агарчӣ он ғараз ё аваз савоби ҷамил2 ё савоби ҷазил3 бошад.

derevo-s-plodami-1

Қ и т ъ а
Кист карим? — Он кӣ на баҳри ҷазост
Ҳар караме, к-ояд аз ў дар вуҷуд.
Ҳар чӣ бувад баҳри санову савоб,
Байъу шаро гир, на эҳсону ҷўд.

Қ и т ъ а
Ҳар ки мақсудаш аз карам он аст,
Ки барорад ба олам овоза,
Бошад аз мисри4 ҷуду шаҳри карам
Хонаи ў буруни дарвоза.

Ҳ и к о я т

Ҷаводеро5 пурсиданд, ки аз чӣ ба мўҳтоҷон медиҳию бар соилон6 мерезӣ, ҳеҷ дар ботини худ раунате 7 ва дар фақирон миннате боз меёбӣ?
Гуфт:
— Ҳайҳот! Ҳукми ман дар кўшишу бахшиш ҳукми он кафлез аст, ки дар дасти таббох8 аст: агарчӣ тяббох медиҳад, бар кафлез мегузорад, аммо кафлез ба худ гумони диҳандагӣ намебарад.

Қ и т ъ а
Гарчӣ рўзӣ аз кафи хоҷа-ст, рўзидеҳ куҷост,
Бар сари рўзихўрон хуш нест, з-ў миннат ниҳӣ.
Нест ў ҷуз косаву кафлез деги ризқро,
Беҳ, ки бошад косаву кафлез аз миннат тиқӣ.

Ҳ и к о я т

Сўфие дигареро сифат карда ва сифате аз рўйи шиносоию маърифат оварда, фармуда, ки фулон кас суфраор аст, на суфрадор ва худро шараки суфра медорад, на малики9 суфра мешуморад. Бо соири 10 хўрандагон яксон аст, балки дар назари худ туфайли эшон аст.

Қ и т ъ а

Чун ба меҳмонсарои хеш ниҳад
Хоҷа хон аз барои дарвешон.
Тифли роҳ аст, агар намедонад
Хештанро туфайлии эшон.

Ҳ и к о я т

Аъробие бар амиралмўъминин Алӣ, карамаллоҳу таоло ваҷҳаҳу11, даромаду хомўш бинишаст. Зулли 12 фақру фоқа бар ҷабини ў зоҳир буд. Ҳазрати амир аз вай пурсид, ки чӣ ҳоҷат дорӣ? Шарм дошт, ки ба забон гўяд. Бар замин навишт, ки ман марде фақирам. Вайро ду ҳулла ато дод ва ғайр аз он молики ҳеҷ чиз набуд. Аъробӣ якеро ридо сохт ва дигареро изор ва биистод ва чанд байт муносиби ҳол дар камоли фасоҳат бар бадеҳа иншо кард. Ҳазрати амирро бисёр хуш омад. Сӣ динори дигар аз ҳаққи амиралмўъминин Ҳасану амиралмўъминин Ҳусайн, разияллоҳу анҳумо13 пеши вай буд, ато додаш. Аъробӣ онро гирифту гуфт:
— Ай амиралмўъминин, маро тавонгартарини аҳли байти ман гардондӣ. Ва бирафт.
Ҳазрати амир гуфт:
— Шунидам аз ҳазрати рисолатпаноҳӣ14, саллаллоҳу алайҳи ва саллам, ки фармуд: «Қайимату кулли имраин мо юҳсаҳу», яъне қимати ҳар кас ба қадри он чизест, ки вайро меорояд аз маҳосини афъолу бадоеъи ақвол».

Ш е ъ р
Қимати мард на аз симу зар аст,
Қимати мард ба қадри ҳунар аст.
Ай басо банда, ки аз касби ҳунар
Қадраш аз хоҷа басе бештар аст.
В-Ай, басо хоҷа, ки аз беҳунарӣ
Дар раҳи бандаи худ пайсипар аст!

Ҳ и к о я т

Аз Абдуллоҳ ибни Ҷаъфар15, разияллоҳу анҳу, овардаанд, ки рўзе азимати сафар карда буд. Дар нахлистони қавме фурўд омад, ки ғуломе сиёҳ нигоҳбони он буд. Дид, ки се қурси нон ба ҷиҳати қўти вай оварданд. Саге он ҷо ҳозир шуд. Он ғулом як курсро пеши вай андохт, бихўрд. Ва пас дигареро бияндохт, онро ҳам бихўрд. Пас дигареро бияндохт, онро ҳам бихўрд. Абдудлоҳ, разияллоҳу анҳу, аз вай пурсид, ки:
— Қар рўз қўти ту чист?
Гуфт:
— Он чӣ дидӣ.
Фармуд:
— Чаро вайро бар нафси худ исор 16 накардӣ?
Гуфт;
— Вай дар ин замин ғариб аст, чунин гумон мебарам, ки аз масофати дур омадааст ва гурусна аст. Нахостам, ки вайро гурусна гузорам.
Пас гуфт:
— Имрўз чӣ хоҳӣ хўрд?
Гуфт:
— Рўза хоҳам дошт.
Абдуллоҳ бо худ гуфт: «Ҳама халқ маро дар сахо маломат мекунанду ин ғулом аз ман сахитар аст». Он ғуломро ва нахлистонро ва ҳар чӣ дар вай буд, ҳамаро бихарид. Пас ғуломро озод кард ва онҳоро ба ў бахшид.

Қ и т ъ а
Нафси сагро ба як-ду луқмаи нон
Бар саги нафс ҳар кӣ кард исор,
Гар бувад банда, филмасал, шояд
Хоҷагонро ба бандагиш иқрор.

Ҳ и к о я т

Дар Мадина олиме буд ва дар ҷамеи улуми динӣ комил. Рўзе гузараш бар дори нахосин 17 уфтод. Канизаке дид муғанния, ки ба ҳусни савт ғайрати Ноҳид буд ва ба ҷамоли сурат ҳайрати Хуршед. Шефтаи ҷамолу фирефтаи зулфу холи ў шуд. Аз самоъи 18 ғанояш 19 рахти ҳастӣ ба саҳрои нестӣ бурд ва ба истимоъи20 навояш аз мазиқи21 бихрадӣ роҳи фусҳатсарои бехудӣ сипурд.

Қ и т ъ а
Хубии рўю хубии овоз
Мебарад ҳар яке ба танҳо дил,
Чун шавад ҷамъ ҳар ду дар як ҷо,
Кори соҳибдилон шавад мушкил.

Либоси доноӣ бияфганду палоси расвоӣ пўшид ва халиъулъузор 22 дар кўю бозори Мадина мегардид. Дўстон ба маломати ў бархостанд, аммо ҳеҷ суд надошт. Забони ҳолаш ба ин калима мутакаллим буду ба ин тарона мутарранним.

Р у б о ӣ
З-ин гуна, ки ҷилва он диловез кунад,
Ошиқ зи бало чӣ гуна парҳез кунад?
Бод аст насиҳати касон дар гўшам,
Лекин боде, ки оташам тез кунад.

Ин қиссаро ба Абдуллоҳи Ҷаъфар, разияллоҳу анҳу, бозгуфтанд. Соҳиби канизакро талабиду ба чиҳил ҳазор динор канизакро бихарид ва фармуд, то ба ҳамон савт, ки он олим ба самоъи он гирифтор шуда буд, тағаннӣ кард.
Пурсид, ки:
— Инро аз кӣ омўхтаӣ?
Гуфт:
— Аз фулон муғанния.
Ўро низ талаб дошт. Баъд аз он олимро бихонду гуфт:
— Мехоҳӣ, ки он савтро, ки шефтав он шудӣ, аз устоди он канизак бишунавӣ? Гуфт:
— Бале.
Он муғаннияро фармуд, то ба он тағаннӣ кард.
Олим бехуд бияфтод, чунон ки тасаввур карданд, магар ки бимурд. Абдуллоҳи Ҷаъфар гуфт:
— Дидед, ки мо ба куштанӣ ин мард дар гуноҳ афтодем!?
Баъд аз он бифармуд, ки об бар рўйи ў заданд. Ба худ боз омад.
Гуфт:
— Мо надониста будем, ки ту дар ишқи он канизак бад-ин мартаба расида бошӣ.
Гуфт:
— Валлоҳ, ки он чӣ пинҳон аст, беш аз он аст, ки ошкор шуд.
Пурсид, ки:
— Мехоҳӣ, ки ин савтро аз он канизак бишунавӣ?
Гуфт:
— Дидӣ, ки чун онро аз дигаре шунидам, ки ошиқи ў нестам, бар ман чӣ гузашт? Ҳоли ман чӣ гуна шавад, агар онро аз лабу даҳони маъшуқаи худ бишунавам?
Пурсид, ки:
— Агар вайро бибинӣ, бишиносӣ?
Бигиристу гуфт:

Б а й т
Гуфтӣ, ки шиносӣ, ки кӣ бурд аз ту дилу дин?
Валлоҳ, ки дар офоқ ҷуз ўро нашиносам!

Бифармуд, то канизакро берун оварданд ва таслими вай карданд. Ва гуфт:
— Мар турост ин. Валлоҳ, ки дар вай ҷуз ба гўшаи чашм нигоҳ накардаам.
Он олим дар дасту пойи Абдуллоҳи Ҷаъфар афтоду гуфт:

Р у б о ӣ
Обам зи карам ба рўйи кор овардӣ,
В-аз мавҷи фироқам ба канор овардӣ,
Сабрам ба дил аз ғами фигор овардӣ,
Хобам ба ду чашми ашкбор овардӣ.

Пас дасти канизакро бигрифту ба хонаи худ равон шуд. Абдуллоҳ ғуломеро фармуд, ки:
— Чиҳил ҳазор дирами дигар бигиру ҳамроҳи эшон бибар, то ба ҷиҳати фикри маишат ғуборе бар хотири эшон нанишинад ва ба фароғати хотир аз якдигар таматтўъ тавонанд гирифт23.

Ҳ и к о я т

Абдуллоҳи Ҷаъфарро дар аҳди Муовия аз хазонаи байтулмол 24 ҳар сол ҳазор дирам медоданд. Чун навбат ба Язид расид, онро ба панҷ ҳазор дирам расонид. Маломаташ карданд, ки ин ҳуқуқи24 ҳамаи мусулмонон аст. Чаро ба як кас медиҳӣ?
Гуфт:
— Ман инро ба ҳамаи мўҳтоҷони Мадина медиҳам, зеро ки вай ҳеҷ аз арбоби ҳоҷот дареғ26 намедорад.
Ва пинҳон аз вай касеро ҳамроҳи вай ба Мадина фиристоданд.
Дар муддати як моҳ ҳамаро сарф кард, чунон ки ба қарз мўҳтоҷ шуд.

Ф о и д а

Агар ба дасти карим уфтад ҷаҳон яксар,
Ҷаҳон чӣ бошад, сад бор аз ҷаҳон ҳам беш.
Чаро шавад дили дарвеш реш аз он ҳасрат,
Чу ҳаст кисаи ҷўдаш хазинаи дарвеш.

Ҳ и к о я т

Халифаи Бағдод дар мавкиби27 ҳашмату шавкати худ меронд. Девонае пеши вай расиду гуфт:
— Ай халифа, инон кашида дор, ки дар мадеҳи 23 ту се байт гуфтаам. Гуфт :
— Бихон!
Бихонд. Халифаро хуш омад. Девона чун онро бидид, гуфт:
— Маро се дирам иноят кун, то рўғану хурмо бихараму сер бихўрам.
Халифа фармон дод, то ба ҳар байте вайро ҳазор дирам бидиҳанд.

Қ и т ъ а
Чун зулли фоқа зўр кунад бар суханваре,
Гар мадҳи подшоҳи саховар кунад, сазост.
Мандўҳ 29 чун карим 30 бувад, музди шеъри ў
Ҳар байтро хазинаи гавҳар кунад, сазост.

Ҳ и к о я т
Иброҳим бинни Сулаймон бинни Абдулмалики Марвон31 гўяд, ки:
— Дар он вақт, ки навбати хилофат аз бакӣ Умийя ба банй Аббос ннтиқол32 ёфт ва бани Аббос бани Умийяро мегирифтанду мекуштанд, ман беруни Кўфа, бар боми сарое, ки ба саҳро мушриф33 буд, нишаста будам. Дидам, ки аламҳои сиёҳ аз Кўфа берун омад. Дар хотири ман чунон афтод, ки он ҷамоат ба талаби ман меоянд. Аз бом фурўд омадаму мутанаккирвор ба Кўфа даромадам ва ҳеҷ касро намешинохтам, ки пеши вай пинҳон шавам. Ба дари сарое бузург расидам, даромадам. Дидам, ки марде хубсурат савор истода ва ҷамъе аз ғуломону ходимон гирди ў даромадаанд. Салом кардам.
Гуфт:
— Ту кистӣ ва ҳоҷати ту чист?
Гуфтам:
— Мардеам гурехта, ки аз хасмони худ метарсам. Ба манзили ту паноҳ овардаам.
Маро ба манзили худ дароварду дар ҳуҷрае, ки наздик ба ҳарами ў буд, бинишонд. Чанд рўз он ҷо будам ба беҳтарин ҳоле. Ҳар чӣ дўсттар медоштам аз матоиму машорибу малобис34, ҳама пеши ман ҳозир буд. Аз ман ҳеҷ чиз намепурсид. Ҳар рўз як бор савор мешуд ва боз меомад. Як рўз аз ў пурсидам, ки:
— Ҳар рўз туро мебинам, ки савор мешавию зуд меоӣ. Ба чӣ кор меравӣ?
Гуфт:
— Иброҳим бинни Сулаймон падари маро куштааст. Шунидам, ки пинҳон шудааст. Ҳар рўз меравам, ба умеди он, ки шояд ки вайро биёбам ва ба қасоси падари худ бирасонам.
Чун инро шунидам, аз идбори 35 худ дар тааҷҷуб мондам, ки қазо маро ба манзили касе андохтааст, ки толиби қатли ман аст. Аз ҳаёти худ сер омадам. Он мардро номи ваю номи падари вай пурсидам. Донистам, ки рост мегўяд.
Гуфтам:
— Ай ҷавонмард, туро дар зиммаи ман ҳуқуқи бисёр аст. Воҷиб аст бар ман, ки туро бар хасми ту далолат кунам ва ин роҳи омадшудро ба ту кўтоҳ гардонам. Иброҳим бинни Сулаймон манам. Хуни падари худро аз ман бихоҳ.
Аз ман бовар накарду гуфт:
— Ҳамоно аз ҳаёти худ ба танг омадаӣ, мехоҳӣ аз ин меҳнат халос шавӣ.
Гуфтам:
— Ло, валлоҳ36, ки ман ўро куштаам,— ва нишониҳо гуфтам.
Донист, ки рост мегўям, ранги ў афрўхта :шуду чашмони ў сурх гардид. Замоне сар дар пеш андохт, баъд аз он гуфт:
— Зуд бошад, ки ба падари ман бирасӣ ва ў хуни худ аз ту хоҳад, ман зинҳоре, ки додаам туро, ботил накунам. Берун рав, ки бар нафси худ эмин нестам. Мабодо, ки газанде ба ту расонам.
Ва ҳазор динор ато фармуд. Нагирифтаму берун омадам.

Маснавӣ

Ҷавонмардо, чавонмардӣ биёмўз,
Зи мардони ҷаҳон мардӣ биёмўз!
Дарун аз кини кинҷўён нигаҳ дор,
Забон аз таъни бадгўён нигаҳ дор.
Накўйӣ кун ба он, к-ў бо ту бад қард,
К-аз он бад рахна дар иқболи х(в)ад кард:
Чу ойини накўкорӣ кунӣ соз,
Нагардад ҷуз ба ту он некўйӣ боз.

Ҳ и к о я т

Шабе дар масҷиди ҷомеи Миср оташ афтоду бисўхт. Мусулмононро таваҳҳуми37 он шуд, ки онро насоро 38 кардаанд. Ба мукофоти он оташ дар хонаҳои эшон андохтанду бисўхтанд. Султони Миср ҷамоатеро, ки оташ дар хонаҳои эшон андохта буданд, бигирифту дар як ҷо ҷамъ кард ва бифармуд, то ба адади эшон руқъаҳо навиштанд: дар баъзе куштану дар баъзе даст буридану дар баъзе тозиёна задан. Ва он руқъаҳо бар эшон афшонданд. Вар қар кас хар руқъа, ки афтод, бо вай ба мазмуни он муомала карданд. Як руқъа, ки мазмуни он ба куштан буд, бар касе афтод. Гуфт:
— Аа куштан боке надорам, аммо модаре дораму ҷуз ман касе надорад. Дар пақлуйи вай дигаре буд, ки дар руқъаи вай тозиёна задан буд. Вай руқъаи худро ба он кас доду руқъаи вайро гирифту гуфт:
— Ман модаре надорам.
Инро ба ҷойи ў бикуштанд ва онро ба ҷойи ин тозиёна заданд.

М а с н а в ӣ
Ба симу зар ҷавонмардӣ тавон кард,
Хуш он кас, к-ў ҷавонмардӣ ба ҷон кард,
Ба ҷон чун эҳтиёҷи ёр бишнохт,
Ҳаёти худ фидои ҷони ў сохт.

Ҳ и к о я т

Асмаъӣ39 гўяд: Бо кариме ошнойӣ доштам, ки ҳамвора ба таваққўъи 40 караму эҳсон ба дари хонаи вай мерафтам. Як бор ба дари хонаи вай расидам. Дарбоне шинонда буд. Маро манъ кард аз он, ки бар вай дароям. Баъд аз он гуфт;
— Ай, Асмаъӣ! Ин сабаби манъ кардани ман аз даромадан бар вай тангдастию нодорист, ки вайро пеш омадааст.
Ман ин байтро навиштам!

Ш е ъ р
Изо кона-л-кариму лаҳу ҳиҷобун,
Фа мо афазлу-л-кариму ала-а-лаими41

ва ба он дарбон додам, ки инро ба вай расон. Замоне барнаёмаду руқъаро овард. Бар пушти вай набишта, ки:

Ш е ъ р
Изо кона-л-кариму қалила молин,
Тастара би-л-ҳиҷоби ани-л-азими 42

ва ҳамроҳи руқъа суррае43 понсад динор дар вай. Бо худ гуфтам: «Ҳаргиз қиссаи аз ин ғарибтар бар ман нагузаштааст. Инро тўҳфаи маҷлиси Маъмун хоҳам сохт!» Пеши вай рафтам.
Гуфт:
— Аз куҷо мерасӣ, Ай Асмаъӣ?
Гуфтам:
— Аз пеши каримтарин касе аз аҳёйи 44 араб.
Пурсид, ки кист? Гуфтам, ки марде, ки маро аз илму моли худ баҳравар сохтааст. Ва он руқъаву сурраро пеши вай бар замин ниҳодам. Чун сурраро дид, ранги вай баромаду гуфт:
— Ин мўҳри хазонаи ман аст. Мехоҳам, ки он касро талаб дорам.
Гуфтам:
— Ай амиралмўъминин! Валлоҳ, шарм медорам, ки ба ҷиҳати баъзе гумоштагони ту хавфе ба хотири вай роҳ ёбад.
Маъмун яке аз хавоси худро гуфт, ки ҳамроҳи Асмаъӣ бирав. Чун он мард бибинӣ, бигўй: амиралмўъминин туро металабад, бе он ки тафриқае ба хотири вай расад.
Чун он мард ҳозир омад, Маъмун ба вай гуфт:
— Ту он шахсе нестӣ, ки дирўз пеши мо омадӣ ва изҳори фақру фоқа кардӣ, ин сурраро ба ту додем, то сарфи маоши худ кунӣ, ки ба як байт шеър, ки Асмаъӣ пеши ту фиристод, онро ба вай додӣ?
Гуфт:
— Валлоҳ, ки дар изҳори фақру фоқа, ки дӣ кардам, дурўғ нагуфтам. Валекин нахостам, ки қосиди вайро боз гардонам, магар чунон ки амиралмўъминин маро боз гардонида.
Пас бифармуд, то ҳазор динор ба вай доданд.
Асмаъӣ гуфт:
— Ай амиралмўъминин! Маро низ дар ин ато ба вай мулҳақ гардон!
Фармуд, то ҳазор вайро низ такмил карданд. Ва он мардро аз зумраи надимони худ гардонид.

Қ и т ъ а
Кафи соҳибкарам чун бедирам монд,
Зи нодорӣ шумар, гар дар бибандад.
Вале дар бастани мудхил чунон аст,
Ки ҳамёни дирамро сар бибандад!

Ҳ и к о я т

Ҳотамро 45 пурсиданд, ки:
— Ҳаргиз аз худ каримтар дидӣ?
Гуфт:
— Бале! Рўзе ба хонаи ғуломе ятим фуруд омадаму вай даҳ сар гўсфанд дошт. Филҳол як сар гўсфандро кушту пеши ман овард ва маро қитъае аз он хуш омад. Бихўрдаму гуфтам: «Валлоҳ, ин басе хуш буд». Он ғулом берун рафту як-як гўсфандро мекушту он мавзеъро мепухт, пеши ман меовард. Ман аз он огоҳ не. Чун берун омадам, савор шудам, дидам, ки беруни хона хуни бисёр рехтааст. Пурсидам, ки:
— Ин чист?
Гуфтанд, ки:
— Вай ҳамаи гўсфандони худро кушт.
Вайро маломат кардам, ки чаро чунин кардӣ?
Гуфт:
— Субҳоналлоҳ, туро хуш ояд чизе, ки ман молики он бошам ва дар он бахилӣ кунам, ин зиштсиратӣ бошад дар миёни араб.
Пас, Ҳотамро пурсиданд, ки:
— Ту ба муқобалаи он чӣ додӣ?
Гуфт:
— Сесад шутури сурхмўю понсад гўсфанд.
Гуфтанд:
— Ту каримтар бошӣ?!
Гуфт:
— Ҳайҳот! Вай ҳар чӣ дошт доду ман аз он чӣ доштам, андаке беш надодам.

Қ и т ъ а
Чун гадое, ки ними нон дорад,
Ба тамомӣ диҳад зи хонаи хеш,

Бештар з-он бувад, ки шоҳи ҷаҳон
Бидиҳад ниме аз хазонаи хеш.

Ҳ и к о я т

Шоире ба таваққўъи фоида ба дари хонаи Маъни Зоида46 омад. Чанд рўз он ҷо буд, бознаёфт. Аз боғбони вай илтимос кард, ки чун Маън ба боғ дарояду бар канори об нишинад, маро огоҳ кун. Чун он даромад, боғбон вайро огоҳ сохт. Ин байтро

Ш е ъ р
Або ҷўда Маъну ноҷа Маънан би ҳоҷатӣ,
Фа молӣ ила Маънин сивока шафиъун 47

бар тахтапорае вавишту ба об сар дод. Чун ба пеши Маън расид, бифармуд, то онро бигирифтанд. Чун онро бихонд, шоирро талабиду даҳ бадра зар ба вай дод ва он чўбро дар зери бисоти худ ниҳод.
Рўзи дуюм он чўбро аз зери бисот берун карду бихонд ва шоирро талабиду сад ҳазор дирами дигар ба вай дод.
Ва дар рўзи сеюм ба ҳамин дастур амал кард. Шоир битарсид, ки мабодо, ки пушаймон шаваду додаро биситонад, бигурехт.
Рўзи чаҳорум боз он чўбпораро берун карду шоирро талабиду наёфт. Фармуд, ки дар зиммаи ман чандон карам буд, ки вайро чандон ато диҳам, ки дар хазинаи ман як динору як дирам намонад, аммо ўро ҳавсалаи он набуд.

Қ и т ъ а
Кист аҳли карам? — Он кас, ки чу соил ба дараш
Оварад он қадар уммед, ки дар дил гунҷад.
Бикушояд кафи эҳсону бибахшад чандон,
Ки на дар ҳавсалаи ҳиммати соил гунҷад.

Ҳ и к о я т

Аъробие таҳнияти48 қудуми кариме аз руасои49 арабро қасидае гуфту бар вай хонд ва дар охир гуфт:
— Дароз кун ба сўйи ман дастеро, ки кафи вай одат кардааст ба бахшиши зару мол ва пушти ў ба тақбили аҳли ҳоҷату суол.
Он карим даст ба сўи вай дароз кард. Чун бибўсид, бар ваҷҳи тибат50 гуфт:
— Мўйҳои лаби ту дасти маро бихарошид!
Аъробӣ гуфт:
— Панҷаи шери жаёнро аз хори дурушти хорпушт чӣ зиён?!
Он каримро ин калима бисёр хуш омад. Гуфт, ки ин калима пеши ман аз он қасида хуштар аст. Бифармуд, то вайро дар баробари қасида ҳазор дирам доданду дар баробари он калима се ҳазор дирам.

Қ и т ъ а
Онро, ки ба мидҳат зи фалак сар гузаронид,
Чун нест сухандон, бувад аз ҷумла фурўтар.
Донӣ, ки сухандон кӣ бувад? —Он кӣ бидонад
Беҳро зи накў бозу накўро зи накўтар.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …