МЕТРОЭНДОМЕТРИТ (Metroendometritis; юн metra – бачадон ва эндометрит), газаки мушакпардаю луобпардаи бачадон. Дар сурати ба бачадон ворид шудани микробҳои бемориангез (стрептококк, стафилококк, чӯбчамикроби сил, гонококкҳо ва ғ.) ба вуҷуд меояд. Ба пайдоиши он аксар вақт исқот (хусусан исқоти берун аз бемористон), бемориҳои илтиҳобии узвҳои таносул, риоя накардани гигиенаи муҷомаат, инчунин қоидаҳои гигиена дар давраи баъди таваллуд сабаб мешаванд. Беморӣ бо дарди сим-сими зери ноф , аз маҳбал ихроҷ шудани обият, баъзан хуноба ва ҳатто хун зоҳир мегардад. Ҳарорати бадан баланд шуда, бемор худро ланҷ ҳис мекунад; ихроҷи тӯлонии хун аз бачадон имконпазир аст. Паҳн шудани илтиҳоб ба узвҳои ҳамшафат метавонад боиси безурётӣ ва диг. оризаҳо гардад. Дар сурати пайдоиши нишонаҳои мазкур ҳатман ба духтури гинеколог муроҷиат карда, тавсияҳои ӯро ба ҷо овардан зарур аст.
Барои пешгирии М. режими фармудаи духтурро пас аз исқот ва баъди таваллуд ҳатман риоя бояд намуд. Ҳамчунин қатъӣ риоя кардани қоидаҳои беҳдошти шахсӣ шарт ва зарур мебошанд.
Tags Тиб
Инчунин кобед
Марги Муҳаммад (с)
Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …