Главная / Илм / МЕНЮИ РАВЗАНАИ ПРОГРАММАИ «РОҲБАЛАД»

МЕНЮИ РАВЗАНАИ ПРОГРАММАИ «РОҲБАЛАД»

Тавре ки пештар қайд намудем, дар сатри дуюми равзанаи Роҳбалад менюи он ҷойгир шудааст. Менюи программа аз якчанд бандҳо иборат аст, ки ҳар кадоми он ба иҷро намудани амалиёти гурўҳи муайян вобаста карда шудааст. Бандҳои менюи программаро бо яке аз тарзҳои зерин интихоб намудан мумкин аст:

  1. Нишондиҳандаи мушро ба банди лозимӣ гузошта, тугмаи чапи онро пахш кардан. Масалан, агар нишондиҳандаи мушро ба банди Файл гузошта тугмаи чапи онро пахш кунем, он гоҳ зерменюи ин банд пайдо мешавад. Дар зерменю командаҳои ба ин банд тааллуқдошта нишон дода мешаванд.
  2. Дар клавиатура якҷоя пахш намудани тугмаи Alt ва тугмаи ҳарфе, ки номи банди меню бо он сар мешавад. Масалан, агар тугмаҳои Alt ва Ф -ро якҷоя пахш кунем, он гоҳ банди Файл интихоб карда мешавад. Пахши якҷояи тугмаҳои Alt ва П бо-шад, банди Правка (Таҳрир)-ро фаъол мегардонад.

menui-windowsБанди Файл. Қайд кардан лозим аст, ки зерменюҳои бандҳои менюи программа, вобаста аз нишонаҳои интихобкардашуда, метавонанд миқдори сатрҳои гуногунро дар бар гирифта бошанд. Миқдори сатрҳо бошад, ба имкониятҳои амалиётгузаронии зерменю таъсири муайян мерасонад. Чунин вобастагиро дар мисоли банди Файли менюи программа бараъло дидан мумкин аст (Расми 28 –а,b,c):

  1. a) зерменюи банди Файли меню ҳангоми фаъол набудани нишонаи ягон объекти равзанаи папка;
  2. b) зерменюи банди Файли меню ҳангоми фаъол будани нишонаи ягон ҳуҷҷати папка;
  3. c) зерменюи банди Файли меню ҳангоми фаъол будани нишонаи ягон зерпапкаи папка.

Ҳангоми фаъол гардонидани сатри Открыть (Кушодан)- и банди Файл:

  1. агар нишонаи ягон папка интихоб карда шуда бошад, он гоҳ он кушода мешавад;
  2. агар нишонаи ягон ҳуҷҷат интихоб карда шуда бошад, он гоҳ он барои таҳрир кардан тайёр карда мешавад.

Ҳангоми фаъол гардонидани сатри Удалить (Нест кардан) объектҳои интихобкардашуда ба Корзина (Сабад) партофта мешаванд. Агар ин сатр дар якҷоягӣ бо пахши тугмаи Shift фаъол гардонида шавад, он гоҳ объектҳои интихоб-кардашуда умуман аз диск хориҷ карда мешаванд.

Сатри Переименовать (Аз нав ном гузоштан)-ро фаъол гардонида, мо имконияти иваз кардани номи нишонаҳоро пайдо менамоем. Дар ҳолати фаъол гардонидани сатри Создать ярлык (Ярлик сохта шавад) бошад, барои ҳар як нишонаи объектҳои интихобкардашуда, ярлики онҳоро сохтан мумкин аст. Сатри Свойства (Хосиятҳо)-ро фаъол гардонида, а b c

Расми 28. Интихоби банди Файл дар се мавриди гуногун мо имконият пайдо менамоем, ки бо хосиятҳои мавҷудаи объекти интихобкардашуда шинос шавем ва дар мавридҳои зарурӣ ба онҳо тағйирот ворид намоем.

Ҳангоми интихоб кардани сатри Создать (Сохтан)-и меню зерменюи он пайдо мешавад (Расми 29). Бо ёрии ин зерменю дар дохили папкаи интихобкардашуда зерпапка, ярлики объектҳо ё ҳуҷҷати дилхоҳро сохтан мумкин аст.

Дар ҳолати фаъол гардонидани сатри Отправить (Равон кардан) зерменюи ба он вобаста пайдо мегардад. Агар дар зерменюи пайдогардида командаи Диск 3,5 (А) фаъол гардонида шавад, он гоҳ объекти интихобкардашуда ба дискет сабт карда мешавад. Ҳангоми фаъол гардонидани командаи Мои документы бошад, объекти интихобкардашуда ба папкаи Мои документы (Ҳуҷҷатҳои ман) равон карда мешавад. Дар банди Файл зербанди Создать (Сохтан) интихоб карда шудааст Айнан ҳамин тавр, командаҳои боқимондаи сатри Отправить (Равон кардан) барои ба ин ё он макон равон кардани объектҳои интихобкардашудаи папка хизмат мерасонанд.

Банди Правка. Яке аз бандҳои дигари асосии менюи программаи Роҳбалад банди Правка (Таҳрир) ба ҳисоб меравад. Ба ин банди меню зерменюи дар расми 31 овардашуда мувофиқ меояд. Аз ин расм дида мешавад, ки ранги баъзе аз сатрҳои зерменю сиёҳи баланд буда, ранги қисми дигарашон тираранг аст. Ин чунин маъно дорад, ки ҳоло танҳо он амалиётеро амалӣ гардонидан мумкин аст, ки онҳо дар сатрҳои рангашон сиёҳи баланд нишон дода шудаанд. Дар сатрҳои тираранг амалиёте нишон дода шудаанд, ки онҳо барои объекти интихобкардашуда имконияти иҷро шудан надоранд. Боёрии командаи Выделить все (Ҳамааш ҷудо карда шавад) мо

метавонем якбора ҳамаи объектҳои дохили папкаро интихоб намоем. Бо ёрии командаи Обратить выделение (Инкори ҷудокунӣ) бошад, амали ҷудокунии объектҳои интихобкардашударо бекор намудан мумкин аст.

Дар ҳолати фаъол гардонидани сатри Вырезать (Буридан) объектҳои интихобкардашуда ба буфер равона карда шуда, дар мавриди фаъол гардонидани сатри Копировать Расми 30. Зербанди Отправить (Равон кардан) дар банди Файли меню Расми 31. Банди Правка (Таҳрир) дар менюи Роҳбалад 68 (Нусхабардорӣ кардан) бошад, танҳо нусхаи ин объектҳо ба буфер равон карда мешаванд.

Дар вақти фаъол гардонидани командаи Вставить (Гу-зоштан) информатсияи дар дохили буфер маҳфузбуда ба объекти интихобкардашуда ҷойгир карда мешавад. Масалан, агар мо дар равзанаи Роҳбалад ягон папкаро интихоб кунем ва баъд банди Правка ва командаи Вставить-ро фаъол гардонем, он гоҳ объекти дар буфербуда ба дохили папкаи интихобкардашуда ҷойгир карда мешавад.

ЭЗОҲ:

Буфер гуфта як қисми хотираи фаврии компютерро мегўянд, ки он барои муваққатан нигоҳ доштани информатсия хизмат мерасонад.

Командаи Отменить (Бекор кардан) барои бекоркунии амалиёти дар қадами пештара иҷрокардашуда хизмат мерасонад. Ин команда вақте фаъол аст, ки

агар пеш аз ин бо объект ягон амалиёт иҷро карда шуда бошад.

Командаи Вставить ярлык (Ярлик гузошта шавад) дар папкаи интихобкардашуда ярлики объекти дар буфер маҳфузбударо месозад.

Банди Вид. Ҳангоми дар менюи Роҳбалад интихоб намудани банди Вид (Намуд), дар экран зерменюи он пайдо мешавад, ки дар расми 32 Расми 32. Банди Вид дар

менюи Роҳбалад оварда шудааст. Тавре ки пештар баён намудем, ҳангоми дар қисми чапи майдони кории равзанаи Роҳбалад интихоб намудани нишонаи ягон папка, нишонаҳои объектҳои дохили он дар қисми рости майдони кории равзана намудор мешаванд. Бо ёрии имкониятҳои банди Вид нишонаҳои объектҳои дохили папкаро бо чор усул инъикос кардан мумкин аст:

 дар шакли Нишонаҳои ҳаҷман калон (Крупные значки);

 дар шакли Нишонаҳои ҳаҷман хурд (Мелкие значки);

 дар шакли Рўйхати нишонаҳо (Список);

 дар шакли Таблитсаи нишонаҳо (Таблица).

Дар расмҳои 33 ва 34 мувофиқан нишонаҳои объектҳои

. Роҳбалад: Папкаи Windows дар намуди Таблитса дохили папкаи Windows дар шаклҳои Таблитса ва Нишонаҳои ҳаҷман калон инъикос карда шудаанд.

Саволҳо:

  1. Менюи равзанаи программаи хидматии Роҳбалад дар кадом қисми равзана ҷойгир шудааст?
  2. Менюи программаи Роҳбалад кадом бандҳоро дар бар гирифтааст?
  3. Бандҳои менюи программаи Роҳбаладро бо кадом тарзҳо интихоб намудан мумкин аст?
  4. Миқдори сатрҳои зерменюҳои бандҳои менюи программаи Роҳбалад аз кадом омилҳо вобастагӣ доранд?
  5. Командаҳои дар сатрҳои зерменюи банди Файли менюи программаи Роҳбалад овардашуда барои иҷрокунии кадом амалиёт пешбинӣ кар да шудаанд?
  6. Банди Правка (Таҳрир)-и менюи Роҳбалад кадом командаҳоро дар бар гирифтааст? Банди Вид (Намуд) чӣ?

Расми 34. Роҳбалад: Папкаи Windows дар намуди Нишонаҳои ҳаҷман калон

Супориш:

  1. Матни мавзўъро бодиққат хонед, мазмуни мухтасари онро дар дафтар нависед ва онро нақл кунед.
  2. Равзанаи папкаи Роҳбаладро кушоед ва менюи онро муоина намуда гўед, ки дар он кадом бандҳо ҷой дода шудаанд.
  3. Банди Файли менюи Роҳбаладро ҳангоми фаъол набудани нишонаи ягон объекти Windows, ҳангоми фаъол будани нишонаи ягон папка ва зерпапкаи ин папка интихоб намоед ва ба миқдори сатрҳои зерменюҳои дар экран пайдошаванда аҳамият диҳед.
  4. Бо ёрии банди Файли менюи Роҳбалад равзанаи папкаи хусусии худро кушоед ва онро аз нав пўшед.
  5. Бо ёрии командаҳои банди Файли менюи Роҳбалад номи яке аз зерпапкаҳои папкаи хусусии худро иваз намоед, се зерпапкаи нав созед ва яке аз онҳоро нест кунед.
  6. Аз командаи Отправить (Равон кардан)-и банди Файли меню истифода бурда папкаи хусусии худро бо ҳамроҳии зерпапкаҳояш ба дискет сабт намоед.
  7. Аз командаҳои банди Правка (Таҳрир)-и менюи Роҳбалад истифода бурда, файли дилхоҳи ягон папкаро интихоб намоед ва нусхаи онро ба дохили папкаи хусусии худ гузоред.
  8. Аз командаҳои банди Вид (Намуд)-и менюи Роҳбалад истифода бурда, нишонаҳои объектҳои папкаи хусусии худ ё ягон папкаи дилхоҳи дигарро бо усулҳои гуногун дар экран инъикос намоед.

Инчунин кобед

лицейи умари хаём дар Душанбе

Литсейи Умари Хайём дар шаҳри Душанбе

31 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон …