МАЗОХИЗМ (Masochismus), майл ба зӯроварӣ, эҳсоси қаноатмандӣ пайдо кардан аз таҳқиру машаққат расондани дигарон. Истилоҳи М. аз номи нависандаи австрӣ Захер Мазох, ки гирифтори ин беморӣ будааст, бармеояд. М.-и шаҳвонӣ яке аз намудҳои фосиқӣ буда, дар мавриди он агар яке аз ҳамхобаҳо аз ҷониби шарики худ ҳарчи зиёдтар азияту залолат бинад, шаҳвати ӯ ҳамон қадар зиёд мегардад. Ҳангоми М.-и психологӣ (М.-и маънавӣ) ҷабрдида на азияти ҷисмонӣ, балки азоби равонию маънавӣ мекашад (дар шакли таҳқир, паст задан, таҳдид ва ғ.).
Tags Тиб
Инчунин кобед
Манораи Эйфил дар ш. Душанбе – пойтахтиТоҷикистон
Солҳои охир сохтмони “Матораи Эйфел” дар Тоҷикистон мӯд шудааст ва аз маъмултаринаш манораи Эйфел дар …