Ҳазрати Усмон (paҳ) мефармояд: Чунки биноии Ҳазрати Ҳориса ибни Нӯъмон (paҳ) рафта буд, ба ҳамин хотир аз хонааш то маҳалли намоз ресмон баста буд. Ҳар гоҳ ниёзманде ба дари хонааш меомад, аз хурҷинаш чизе берун мекард ва ба кӯмаки ҳамон ресмон то дари хонааш мерафт ва шахсан ба он шахс чизе медод.
Аҳли хона мегуфтанд:
- Ба ҷойи ту мо меравем ва он чизро ба ниёзманд медиҳем.
Аммо ӯ мефармуд:
- Аз Расулуллоҳ (с) шунидам, ки мефармуд: “Ҳар касе мискинеро бо дасти худаш кӯмак кунад, аз марги ногувор маҳфуз хоҳад монд».