Хазрати Усмон (paх) мефармояд: Чунки биноии Хазрати Хориса ибни Нуъмон (paх) рафта буд, ба хамин хотир аз хонааш то махалли намоз ресмон баста буд. Хар гох ниёзманде ба дари хонааш меомад, аз хурчинаш чизе берун мекард ва ба кумаки хамон ресмон то дари хонааш мерафт ва шахсан ба он шахс чизе медод.
Ахли хона мегуфтанд:
- Ба чойи ту мо меравем ва он чизро ба ниёзманд медихем.
Аммо у мефармуд:
- Аз Расулуллох (с) шунидам, ки мефармуд: “Хар касе мискинеро бо дасти худаш кумак кунад, аз марги ногувор махфуз хохад монд».