Главная / Гуногун / Ҳикояи Рўбоҳу кафторе

Ҳикояи Рўбоҳу кафторе

Рўбоҳе ба чанги кафторе51 гирифтор шуд, дандони тамаъ дар вай маҳкам кард. Рўбоҳ фарёд баровард, ки:

—Ай шери бешаи зўрмандӣ ва Ай паланги қуллаи сарбаландӣ, бар аҷзу шикастагин ман бибахшой ва шаколи 52 ин ашколро 53 аз пойи ҷаҳонпаймойи ман бикушой! Ман муште пашму устухонам! Аз хўрдани ман чӣ хезад ва дар озурдани ман кӣ овезад?.

kaftor

Ҳарчанд аз ин мақула сухан ронд, дар вай нагирифт.

Гуфт:

—Ёд ор ҳаққе, ки маро бар туст. Аз ман орзуи мубошират кардӣ, орзуи туро баровардам. Чанд бор мутаоқиб 54 бо ту мубошарат кардам.

Кафтор чун ин гуфтори шанеъ55 бишнид, оташи ғайрат бар вай ҷўшид, даҳон бикушод, ки:

—Ин чӣ сухани беҳуда аст ва ин воқеа кай ва куҷо буда?

Аз вай даҳон кушодан ҳамон буд ва аз рўбоҳ рў дар гурез ниҳодан ҳамон.

 

Қ и т ъ а

Ба қавли хуш чу наёбӣ зи чанги хасм раҳойӣ,

Беҳ он бувад, ки забонро ба нохушӣ бикушойӣ.

Чу қуфли хона бар оҳистагӣ кушода нагардад,

Пайи шикастанаш он беҳ, ки сўйи санг гиройӣ.

 

 

Инчунин кобед

Бахтиёр Иброхимов

Бахтиёр Иброҳимов – Тарҷумаи ҳол, сурат, мусиқӣ – MP3 скачать

Овозхони шоистаи Тоҷикистон Бахтиёр Иброҳимов соли 1972 дар шаҳри Исфара ба дунё омада, яке аз овозхонҳои маъруфи …