Главная / Илм / «КИТОБУ-Л-ҚУЛАНҶ»

«КИТОБУ-Л-ҚУЛАНҶ»

fusul-fit-tib«КИТОБУ-Л-ҚУЛАНҶ», асари Абӯбакр Муҳаммад ибни Закариёи Розӣ (865 –925). Китоб аз 18 боб иборат буда, дар он дар бораи чигунагии дард, нишонаҳо, ташхис ва анвоъи қуланҷ, роҳҳои табобат, ғизоҳои муносиби ин беморӣ ва дар охир дар бораи нишонаҳои аз қуланҷ огоҳидиҳанда сухан меравад. Матни интиқодии ин китобро доктор Субҳӣ Маҳмуди Ҳаммомӣ дар асоси чаҳор нусхаи хаттии муътабари он, бо муқаддима, шарҳу тавзеҳоти лозима, бо тарҷимаи фаронсавӣ ва бо муқоиса ба «Рисолаи қуланҷ»-и Ибни Сино с. 1983 дар Ҳалаб ба табъ расондааст.
Ад.: Закариёи Розӣ, «Китобу-л-қуланҷ», Ҳалаб, 1983.

С. Шаҳобуддинов.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …