Главная / Маданият ва санъат / КАШФИЁТҲОИ БУЗУРГИ ҶУҒРОФӢ

КАШФИЁТҲОИ БУЗУРГИ ҶУҒРОФӢ

То нимаи дуюми асри XV одамони аврупо асосан дар бораи Европа. Осиё ва қисмҳои соҳилии Африка тасаввурот доштанд. Дар бораи дигар қисмҳои хушкӣ маълумоте надоштанд. Бинобар ин олимон дар харитаи тартибдодаи худ фақат ҳамон материкҳо ва баҳру уқёнусҳои иҳотакардаашонро нишон додаанд. Он харитаҳо ғалатҳои зиёд доштанд. Харитаи оламе, ки олими Юнон Батлимус (Птояемей. асри II милод) тартиб додааст, аз қабили чунин харитаҳо мебошад. Дар он харита қисми зиёди кураи Заминро хушкӣ ташкип медиҳад. Ammo мо медонем, ки ҳафтоду як фоизи рӯӣ Заминро об ташкил кардааст.

kashfi-jugrofi

Уқёнуси Ҳиндро ҳамчун баҳри дохили хушкӣ тасвир карда, аз ғарб ба шарқ тӯл кашидани ҳудуди материки Европаю Осиёро аз будаш хеле зиёд нишон додаасг. Аммо сарфи назар аз ин ғалатҳо, харитаи олами Батлимусро баҳрнавардон ва сайёҳон чордаҳ аср истифода бурданд. Дар харитаи Батлимус ва глобусе, ки дар асри XV Мартин Бехайм сохта буд (расми 3), Австралия, Антарктида. Америкаи Шимолӣ ва Америкаи Ҷанубӣ акс наёфтаанд. Аммо вуҷуд доштани ин қисмҳои хушкиро олимон тахмин мекарданд. Дар ҷануби нимкураи ҷанубӣ мавҷуд будани хушкӣ (Австралия)-ро олимони қадим пешгӯи карда буданд. Дар он тарафи Уқёнуси Атлантика мавҷуд будани хушкии калон (Америкаи Шимолй ва Ҷанубӣ)-ро Абӯрайҳони Берунӣ дар ибтидои асри XI тахмин кардааст. Ҷустуҷӯи он сарзаминхои номаълум, роҳҳои нави баҳрӣ ба мамлакатҳои Шарқ, инкишофи илм, баҳрнавардӣ ва манфиати савдо ба кашфиётҳои бузурги географӣ асос гузошт. Аввалин экспедитсияҳоро испаниҳо ва португалиҳо ташкил карданд.

Кашфи Америка ва роҳи баҳри Ҳиндустон. Дар асри XV якчанд экспедитсия ташкил карда шуданд. Яке аз онҳо экспедитсияи Христофор Колумб буд. Мақсади он ҷустуҷӯи роҳи баҳрӣ ба сӯи Ҳиндустон буд. Бо ин мақсад Христофор Колумб соли 1492 пас аз тайёрии зиёде бо се киштӣ аз Испания баромада, ба воситаи Уқёнуси Атлантика ба самти ғарб раҳсипор гардид. Ӯ фикр мекард, ки Замин курашакл аст. Агар ба воситаи Уқёнуси Атлантика ба ғарб ҳаракат кунад, дар шарқ ба соҳилҳои Осиё хоҳад расид. Ба ҳамин фикру андеша Уқёнуси Атлантикаро гузашта, баъди ду моҳ ба соҳилҳои Америкаи Марказй расид. Колумб ҳамагӣ ба соҳилҳои Америка чор маротиба экспедитсия ташкил кард, аммо ба ғарб ягон гузаргоҳ наёфта, то охири умри худ фикр мекард, ки ӯ Ҳиндустонро кашф кардааст.

Экспедитсияҳои Христофор Колумб тахмини Абӯрайҳони Беруниро дар бораи дар он тарафи Уқёнуси Атлантика вуҷуд доштани хушкии азим тасдиқ намуд. Аммо Христофор Колумб дар бораи он ки қитъаи тамоман навро кашф намудааст, хабар надошт. Дертар ин қитъаро Америка номиданд. Баъди панҷ соли экспедитсияи якуми Христофор Колумб барои ёфтани роҳи баҳрӣ ба Ҳиндустон ҳукумати Португалия экспедитсия ташкил кард. Сарварии онро ба Васкода Гама супурданд. Соли 1447 Васко да Гама бо чаҳор киштӣ аз Португалия баромада. ба самти ҷануб ҳаракат намуд. Ӯ соҳилҳои ғарбии Африкаро давр зада, аз Уқёнуси Атлантика ба Уқёнуси Ҳинд гузашт ва соли 1448 ба бандари баҳрии Ҳиндустон шаҳри Калкатта ворид шуд. Ҳамин тавр роҳи баҳрӣ ба сӯи Ҳиндустон кашф гардид, ки дар таърихи савдои ҷаҳонй воқеаи ниҳоят муҳим буд. Аммо ҳаминро қайд кардан зарур аст, ки сайёҳи тоҷик Абдураззоқи Самарқандй аз Васко да Гамаи португалй 56 сол пештар ба Ҳиндустон аз тарафи Ғарб ба воситаи Халиҷи Ҳурмуз ба Уқёнуси Ҳинд ворид шуда буд.

Бехайм Мартин (1459 – 1507) географи немис аст. Ӯ соли 1492 глобуси нахустинро сохт, ки тасаввуроти географиро дар бораи сатҳи Замин дар арафаи кашфи Олами Нав (китьаи Америка) акс намудааст.

Аввалнн экспеднтсияи гирди олам. Баъди кашфи қитьаи Америка маълум гардид, ки вай аз шимол ба ҷануб тӯл кашидааст ва монеаест дар байни Европа ва Осиё. Баъд саволе ба миён омад, ки оё ии хушкиро давр зада ба ғарб шино кардан мумкин аст ё не! Ин саволи душворро Магеллан ҳал намуд. Ӯ соли 1519 бо панҷ киштй ба нахустин сафари гирди олам баромад. Уқёнуси Атлантикаро гузашта, ба воситаи гулӯгоҳ Америкаи Ҷанубиро давр зада, киштихо ба Уқёнуси Ором ворид гардиданд. Магелланро соли 1521 дар яке аз ҷазираҳои Филиппин ба қатл расонданд. Соли 1522 аз панҷ кипггии ҳайати экспедитсия фақат як кипгги ба Испания баргашт. Ин экспедитсия курашаклии Заминро тасдиқ-намуд, бузургии сатҳи Замин, ягонагии Укёнуси Олам ва аз об иборат будани қисми зиёди сатҳи Замин маълум гардид.

Кашфи материкҳон Австралия ва Антарктида. Дар харитаҳои олами асрҳои миёна дар ҷануби Уқёнуси Ҳинд хушкие бо номи Замини Ҷанубй акс ёфта буд. Ҳолландиҳо барои муайян кардани он экспедитсия ташкил намуданд. Онро сайёҳ ва баҳрнаварди машхур Абел Тасман сарварй мекард. Соли 1642 ӯ соҳилҳои шимолӣ ва шимоли ғарбии Австралияро тадқиқ намуда, дар самти ҷанубни он ҷазираеро кашф кард, ки онро баъдтар Тасмания ном гузоштанд. Экспедитсияи Тасман муайян намуд, ки Австралия материки алохида буда, он қадар калон нест.

Материки Антарктидаро русҳо кашф намуданд. Соли 1819 ду киштӣ бо сарварии Ф. Ф. Беллинсгаузен ва М. П. Лазарев аз Петербург баромада, ба тарафи доираи Қутби Ҷанубй шино карданд, 16 январи соли 1820 ба соҳилҳои Антарктида наздик шуда, аз дур нишонаи наздик будани заминро мушоҳида карданд. Ин рӯзро олимон санаи кашфи Антарктида мешуморанд. Ҳамин тавр тавассути кашфиётҳои бузурги географӣ материкҳо ва уқёнусҳои нав кашф карда шуданд. Дониши одамон оид ба Замин афзун гардид.

Тадқиқоти муосири географи. Қиссҳои калони рӯи Замин – материкҳо ва уқёнусҳо тадқиқ карда шуданд. Вале табиати дохили материкҳо, укёнусҳо ва қутбҳои Шимолӣ ва Ҷанубӣ ҳоло пурра омӯхта нашудаанд. Бинобар ин олимони соҳаи илми география дар замони мо ҳам ба тадкиқоти табиати сатҳи Замин машғуланд. Онҳо дар тадқикотҳои худ аз усулҳои гуногуни илмй истифода мебаранд. Аз ҷумла барои омӯхтани табиати қисмҳои алоҳидаи материкҳо ва уқёнусҳо экспедитсияҳо ва марказу нуқтаҳои мушоҳидакунии доимӣ ташкил менамоянд.

Барои мушоҳида ва ҳисоб кардани маълумотҳо аз асбобу мошинҳои ҳозиразамон истифода мебаранд. Натиҷаи тадқиқотҳои географиро дар харита акс намуда, барои ташкил ва инкишофӣ саноат, хоҷагии қишлоқ ва нақлиёт истифода мебаранд. Расмҳои аз кайҳон гирифтаро ҷамъбасту таҳлил менамоянд (расми 5). Ба мақсадхои гуногун дар табиат таҷриба мегузаронанд. Масалағ.. дар Туркманистон барои ба иклими биёбон мутобиқ кунондани набототи гармидӯст, дар Помир барои мутобиқ кунондани дарахтони мевадиҳанда ва ғайра таҷриба гузаронда мсшавад. Натиҷаи онро мамлакатҳое, ки дар минтақаи биёбон ва баландкӯх ҷойгир шудаанд, истифода мебаранд.

Инчунин кобед

Хушбахт Ҳакимов

Ҳакимов Хушбахт – тарҷумаи ҳол, сурат, видео ва мусиқӣ MP3

Хушбахт Ҳакимов овозхон – сарояндаи тоҷик аст, ки таронаҳояшро дар бораи Ватан, Модар ва дар …